Мулоқот бо муфтии Нижний Новгород

Мулоқот бо муфтии Нижний Новгород

Масъулини Намояндагӣ дар доираи сафари корӣ ва гузаронидани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар Ҳавзаи федералии Приволжие дар шаҳри Нижний Новгород бо муфтии мусламонони вилоят Закиров Гаяз Салихович мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот нахуст, Закиров Гаяз изҳори миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таваҷҷуҳи доимӣ ба шаҳрвандон ва гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирӣ аз омилҳои таъсиррасонӣ ба онхо изҳори сипос намуд.
Дар ин замина, зимни баргузории мулоқот масъалаи баргузории вохуриҳо дар самти гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба талаботҳои нави қонунгузории кишвари иқомат, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷараён ва мазҳабҳои гуногун ва гуруҳҳои хавфноку экстремистӣ, истифодаи оқилонаи воситаҳои иттилоотрасонӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет, тарғибу ташфиқи ғояҳои давлатӣ ва танзими будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат, риояи талаботҳои қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои муҳоҷиратӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Зикр гардид, ки дар самти бурдани корҳои итилоотрасонӣ оид ба талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат ва тартиби воридшавию дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, дар умум оид ба дарёфти тавсияҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби намояндагӣ маводҳо ҳамарӯза омода карда шуда, дар сомонаи расмии Намояндагӣ ва саҳимаҳои расмии он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда мешаванд, ки шаҳрвандон метавонанд аз ин манбаъҳо васеъ истифода намоянд.
Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки дар масҷидҳои ҷомеаи вилояти Нижний Новгород дар доираи имкониятҳои мавҷуда, бо пешниҳоди варақаҳои иттилоотӣ ва гузаронидани вохуриҳои фаҳмондадиҳӣ фаъолияти кориро дар ин самт густариш медиҳанд.