МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР РОССИЯ МЕТАВОНАНД АЗ МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН ИСТИФОДА НАМОЯНД

МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР РОССИЯ МЕТАВОНАНД АЗ МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН ИСТИФОДА НАМОЯНД

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон хизматрасониҳои машваратии ҳуқуқии ройгонро пешниҳод намуда, ҳамарӯза масъулини Намояндагӣ ҷиҳати масъалаҳои муҳоҷиратӣ фаъолияти пурсамар намуда истодаанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, метавонанд вобаста ба масъалаҳои будубош, фаъолияти меҳнатӣ, риояи қонунгузории муҳоҷират, муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар мушкилоти ҳуқуқие, ки ҳангоми кору зиндагӣ дар Федератсияи Россия ба миён меоянд, ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Барои таъмини дастрасии шаҳрвандон ба машваратҳои ҳуқуқӣ рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ ва хатти оҷил фаъол буда, инчунин имконияти муроҷиат тавассути шабакаҳои WhatsApp ва Telegram фароҳам оварда шудааст.

Рақамҳои асосӣ барои муроҷиат:
Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44

  • Хатти оҷил: +7 (999) 912-58-68
    Реҷаи корӣ: аз соати 9:00 то 18:00.
    Суроғаи Намояндагӣ: шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40.
    Суроғаи электронӣ: prmstj@mail.ru

Бо мақсади дастрасии бештари шаҳрвандон бо кӯмак ва машваратҳои ҳуқуқӣ, рақамҳои тамос дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия низ фаъол мебошанд:
Ҳавзаи федералии Марказӣ:

  • Москва: +7 (929) 540-88-88, +7 (915) 150-88-82, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
  • Владимир, Иваново ва Кострома: +7 (920) 941-60-60;
  • Твер, Смоленск ва Ярославл: +7 (923) 554-39-46.
    Дигар ҳавзаҳо ва минтақаҳо:
  • Шимолу Ғарб, Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
  • Приволжие, Қазон: +7 (926) 311-52-53;
  • Ҷанубӣ, Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
  • Урал, Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
  • Сибир, Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
  • Шарқи Дур, Хабаровск: +7 (914) 202-09-56;
  • Ҷумҳурии Саха (Якутия), Якутск: +7 (999) 217-01-05, +7 (924) 361-80-33.

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми пайдо гардидани мушкилоти ҳуқуқӣ ё зарурати гирифтани маълумоти боэътимод доир ба қонунгузории муҳоҷират ва меҳнати Федератсияи Россия ба Намояндагӣ ё рақамҳои дахлдори минтақавӣ муроҷиат намоянд.
Муроҷиати саривақтӣ барои гирифтани маълумоти зарурӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат менамояд.