НАҚШИ ТАНЗИМ ДАР БОЛОРАВИИ НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН
Дар шароити муосир, ки иқтисоди миллӣ ва ҷаҳонӣ бо тағйирёбии босуръати равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ рӯ ба рӯст, банақшагирии стратегӣ ба сифати яке аз фишангҳои калидии рушди устувор мавқеи хос касб намудааст. Ҳар як давлат барои таъмини некуаҳволии шаҳрвандон, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод ва татбиқи ҳадафҳои дарозмуддат ба низоми банақшагирии стратегӣ ниёз дорад. Дар ин раванд, ҳадафи асосӣ на танҳо рушди иқтисодӣ, балки фароҳам овардани шароити мусоид барои сатҳи беҳтари зиндагӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифат ва баланд бардоштани устувории иҷтимоӣ мебошад.
Тибқи арзёбии Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳое, ки системаи самараноки банақшагирии стратегӣ доранд, дар иҷрои ҳадафҳои рушди устувор (SDGs) дар муқоиса бо кишварҳои бе стратегияи ягона то 35–40 фоиз муваффақтар мебошанд. Мисолҳои муваффақи кишварҳои Скандинавия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Сингапур нишон медиҳанд, ки банақшагирии дарозмуддат ва пайваста метавонад ба сатҳи баланди некуаҳволӣ, адолати иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ бирасонад.
Таърихи кишварҳои муваффақ ва таҳқиқоти байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки сатҳи некуаҳволии мардум бевосита аз сифати стратегияи миллӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, барои кишварҳо зарур аст, ки низоми банақшагирии стратегиро пайваста такмил дода, сиёсати иқтисодию иҷтимоии худро ба ҳадафҳои дарозмуддати рушд мутобиқ намоянд.
Яке аз ҷанбаҳои асосии банақшагирии стратегӣ дар шароити кишвари мо ин рияои танзим ҳангоми амалӣ намудани маросимҳои анъанавӣ ва суннатӣ ба шумор меравад. Расму оинҳо чун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ таърихан дар тарзи зиндагӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва ниҳоят дар худшиносии миллӣ нақши калидӣ доштаанд. Дар ҷомеаи тоҷик, ки бойигарии маънавии мардум ва анъанаҳои фарҳангӣ аз қадим реша доранд, маърифати марбут ба расму оинҳо ҳамеша ҳамчун арзиши муқаддас пазируфта мешуд. Вале тайи солҳои қаблӣ аз ҳад зиёд сермасраф гардидани ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари мардуми Тоҷикистон овард.
Мусаллам аст, ки дар охири солҳои 90-уми асри гузашта ва ибтидои ҳазораи навин як гурӯҳ омилҳои иҷтимоӣ, аз қабили болоравии сатҳи зиндагӣ, рақобати оммавӣ дар инъикоси имкони иқтисодӣ, коҳиши сатҳи саводи молиявии аҳолӣ ва хусусияти ифротӣ гирифтани расму оинҳои аз фарҳанги аслӣ дуршуда ба пайдоиши шаклҳои гаронкунанда ва исрофкоронаи расму оинҳо мусоидат карданд.
Мутобиқи таҳқиқоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005–2006), хароҷоти миёна барои тӯйҳо, маъракаҳои хешутаборӣ ва маросимҳои гуногун дар баъзе минтақаҳо 2–3 маротиба аз даромади миёнаи солонаи оилаҳо бештар буд. Ин вазъ ба афзоиши қарздорӣ, боло рафтани – фишори иҷтимоӣ, кам гаштани имкони сармоягузорӣ барои таҳсил, тандурустӣ, тиҷорат ва дар маҷмуъ, ба паст шудани сатҳи иқтисодӣ мусоидат менамуд.
Аз ин рӯ, танзими расму оинҳо ҳамчун як иқдоми зарурии иҷтимоиву иқтисодӣ тавассути қонунгузорӣ ба шумор меравад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007, №272 қабул карда шуд, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат мардумӣ буда, дар он манфиатҳои табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба инобат гирифта шудааст.
Иштирокчиёни равандҳои таҳлилии байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО ва муассисаҳои таҳқиқотии минтақавӣ, Қонуни мазкурро яке аз иқдомҳои муваффақ ва нодири идораи фарҳанги иҷтимоӣ дар сатҳи миллӣ арзёбӣ мекунанд.
Агар мо хоҳем, ки бо дарназардошти муҳлати сипаришуда аз натиҷаи татбиқи ин қонуни муҳим натиҷагирӣ намоем, пас метавон ба хулосае расид, ки маросимҳои оддӣ ва хоксорона ба ҳифзи фарҳанги аслӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳамбастагии ҷомеа мусоидат намуданд. Дар ҷомеашиносӣ ин раванд ҳамчун «таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ» арзёбӣ мешавад.
Шарипов Амриддин – мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ
