ВОХӮРӢ БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА
Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори “Тёплий Стан” – и шаҳри Москва бо муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ оид бо роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва зарурати аз ҷониби ҳамватанон риояи қатъии қонунгузории Федератсияи Россия ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии кишвари иқомат, дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои ифротгарову тундрав фащмонида шуда, оид ба тағийротҳои нави қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия маълумот дода шуд.
Ҳамзамон вобаста ба тағийротҳои қонунгузории ва истифодаи барномаи мобилии “АМИНА” варақаҳои итиллоотӣ барои муҳоҷирони тақсим карда шуда,
Аз ҷониби ҳамватанон барои дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар изҳори миннатдорӣ баён гардид.
