РИОЯИ ТАЛАБОТҲОИ НАВИ ҚОНУНГУЗОРӢ БАРОИ МУҲОҶИРОН ДАР САНКТ – ПЕТЕРБУРГ ФАҲМОНИДА ШУД

РИОЯИ ТАЛАБОТҲОИ НАВИ ҚОНУНГУЗОРӢ БАРОИ МУҲОҶИРОН ДАР САНКТ – ПЕТЕРБУРГ ФАҲМОНИДА ШУД

Дар доираи сафари корӣ ба Ҳавзаи Федералии Шимолу Ғарб масъулини Намояндагӣ дар масҷиди ҷомеаи шаҳри Санкт – Петербург бо муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Санкт — Петербург ва вилояти Ленинград кору фаъолият менамоянд вохӯрӣ намуданд.
Нахуст вохӯрии масъулини Намояндагӣ бо роҳбари маҷсиди ҷомеъ Ниёзов Акбархон Кудратуллоевич баргузор гардида, зимни он ҳамкориҳои муштарак дар самти гузаронидани вохӯрию мулоқотҳо ҷиҳати иҷроиши талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардид.
Зимни вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат, танзими раванди муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ, фаъолияти расмӣ дар доираи меъёрҳои муайннамудаи кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ, инчунин танзими бехатарӣ дар истеҳсолот, тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо тавсия ва машваратҳои муфид дода шуд.
Зикр гардид, ки расман фаъолият намудан, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат имконият медиҳад, ки шаҳрванди хориҷӣ дар кишвари қабулкунандаи корӣ бехатарии фаъолияти меҳнатӣ ва танзими будубоши худро риоя намуда, кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрванди хориҷиро таъмин менамояд.
Дар идомаи вохӯрӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста гуруҳҳои ифротгароию тундгароӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои иртиҷоӣ ва даҳшатафкан, тамошо намудани барномаҳои хатарафзои интернетӣ, оқилона дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия ва машваратҳои муфид дода шуд.
Таъкид гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки берун аз соатҳои корӣ ба омӯзиш машғул шуда, ба курсҳои касбомӯзӣ, тамошои осорхонаҳо ва театр, боздид аз минтақаҳои сайёҳиву таърихии минтақаи мазкур намуда, дониш ва малакаҳои худро баланд бардошта, дар бозори меҳнати кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ худро ҳамчун мутахассиси ботаҷриба нишон диҳанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ муҳоҷирон меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба талаботҳои қонунгузорӣ, тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия, кафолатҳои ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба самти мазкур саволҳои худро пешниҳод намуда, аз ҷониби кормандони Намояндагӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.