Вохӯри бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар маҷмааи сохтмонии шаҳри Киров
Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки дар нимаи аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар маҷмаааи сохтмонии бинои баландошёнаи истиқоматӣ воқеъ дар кӯчаи Пугачеваи ноҳияи Кирови Ҷумҳурии Бошқордистон бо муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯри баргузор гардид.
Дар вохӯри бо муҳоҷиронӣ меҳнатӣ, ки дар сохтумони мазкур кор менамоянд, оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремисти, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Инчунин, бо онҳо оиди меъёрҳои Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 сӯҳбат доир гардид ва ба иштироккунандагони вохӯри оиди кам мондани мӯҳлати ба роҳ мондани фаъолият ва будубоши қонунӣ худ ба кашолакориҳо роҳ надиҳанд ва ба мақомоти корҳои дохилии минтақаи фаъолияташон муроҷиат намуда, вазъи ҳуқуқии худро қонунӣ намоянд.
Ҳамзамон, ба маълумоти муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки қоидаҳои техникаи бехатириро дар объекти мазкур бинобар пешгирии ҳодисаҳои нохушу ғайричашмдошт қатъиян риоя намоянд.
Муҳоҷирони меҳнатӣ аз кору фаъолияташон ва шарту шароити корияшон дар маҷмааи сохтмонии мазкур қонеъ буданашонро иброз намуданд.
