Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар иншооти сохтмонии шаҳри Новосибирск
19 августи соли ҷорӣ бо мақсади рушди фаъолияти хизматӣ мусъулини Намояндагӣ аз ҷараёни сохтмони мактаби миёна дар шаҳри Новосибирск боздид намуда, бо гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот анҷом доданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои вобаста ба шароити корӣ, зист ва таъминоти моддиву молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре зикр гардид, онҳо дар ширкати сохтмонии соҳибкори инфиродӣ — ИП «Низомиддин Мавлавиев» ба фаъолият машғул мебошанд.
Роҳбари ширкат, Низомиддини Билол, соҳибкори муваффақи тоҷик буда, солҳои тӯлонӣ дар соҳаи сохтмон фаъолият менамояд. Айни ҳол ширкат дар беш аз панҷ иншооти сохтмонии вилояти Новосибирск кор мебарад, ки зиёда аз 90 фоизи кормандони онро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ҳамаи кормандон мутобиқи қонунгузории кишвари иқомат фаъолият менамоянд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо роҳбари ширкат масъалаи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ дар Россия баррасӣ гардид. Тибқи натиҷаҳои гуфтушунид, роҳбарияти ширкат омодагӣ изҳор намуд, ки дар ҳолати мавҷуд будани хоҳишмандон маблағи роҳкиро аз Тоҷикистон то Россияро ҷудо намуда, инчунин дар самти таъмини ҷойи истиқомат ва қонунигардонии ҳузури муҳоҷирон мусоидат хоҳад кард.
Мулоқот дар фазои самимӣ баргузор шуда, бо саволу ҷавобҳои зиёд ҳамроҳӣ гардид. Муҳоҷирони меҳнатӣ даъват гардиданд, ки барои дарёфти маслиҳатҳои ҳуқуқӣ бо Намояндагӣ дар тамос шаванд.
