Вохӯрии масъулини Намояндагӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Красноярск
3 августи соли 2025 масъулини Намояндагӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Красноярск ташриф оварданд. Дар доираи сафар вохӯрии муштарак бо роҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Красноярск «Ватан», фаъолони ҷамъият ва диаспораи тоҷикони шаҳр баргузор гардид. Чорабинӣ дар маркази савдои «Евро сад»-и шаҳри Красноярск баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, аз ҷумла Фармони Президенти Федератсияи Россия муҳтарам В.В. Путин аз 30.12.2024 №1126 ва масъалаҳои вобаста ба муҳлати маҳдуд барои қонунигардонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён ҳамчунин дар бораи ватандӯстӣ, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи миллат тавассути рафтори намунавӣ, зарурати таҳсил дар муассисаҳои таълимии маҳал, инчунин тавсияҳои ҳуқуқӣ оид ба рафтори муҳоҷирон дар ҳолати тафтиши ҳуҷҷатҳо аз ҷониби пулис, риояи тартиботи будубоши қонунӣ дар Федератсияи Россия ва тартиби барқарорсозии ҳуҷҷатҳои гумшуда маълумот гирифтанд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки ҳар як ҳамватан бояд дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба фарҳангу суннатҳои аҷдодӣ ва кумак ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон саҳмгузор бошад.
Масъулини Намояндагӣ дар суханронии худ аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони кишвар дар хориҷ аз ватан ёдовар шуданд.
Вохӯрӣ дар фазои самимӣ сурат гирифта, бо саволу ҷавобҳои сершумор идома ёфт. Дар анҷом аз ҳамватанон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳолати ба миён омадани мушкилот ё саволҳои ҳуқуқиву муҳоҷиратӣ бо Намояндагӣ тамос гиранд.
