Ҷаласаи нӯҳуми Гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия дар Сочи баргузор шуд

Ҷаласаи нӯҳуми Гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия дар Сочи баргузор шуд

16 сентябри соли 2025 дар шаҳри Сочи, дар доираи Ҳафтаи байналмилалии ҳифзи меҳнат (ВНОТ-2025), ҷаласаи нуҳуми Гуруҳи корӣ оид ба амалисозии Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби муташаккили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия аз 17 апрели соли 2019 баргузор гардид. Ҷаласаро ҳамраисони Гурӯҳи корӣ — Шариф Сангимурод Норзода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Денис Александрович Васильев, муовини роҳбари Хадамоти федералӣ оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Русия роҳбарӣ карданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо ҷараёни амалисозии Созишномаи мазкурро муҳокима намуда, ба масъалаҳои ташкили муоинаи тиббӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафар ба Федератсияи Русия таваҷҷуҳ карданд. Ҳамзамон, масъалаи гузаронидани имтиҳони мукаммал оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Русия дар ҳудуди Тоҷикистон баррасӣ шуд, ки баргузории он ба мутобиқшавии шаҳрвандон ба муҳити иҷтимоиву ҳуқуқии Русия мусоидат менамояд.

Ҷонибҳо инчунин зарурати таъсиси пойгоҳи таълимиро дар ҳудуди Тоҷикистон барои омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти касбии Русия таъкид намуданд. Фаъолияти намояндагии ФГУП «ПВС ВКД Русия» дар Тоҷикистон низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифта, масъалаҳои беҳтарсозии ҳамкорӣ ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандон баррасӣ гардиданд.

Аз ҷониби Федератсияи Русия абзорҳои нави рақамӣ дар соҳаи муҳоҷират муаррифӣ карда шуданд, ки метавонанд раванди бақайдгирӣ ва хизматрасонии марбут ба муҳоҷиратро осонтар созанд. Ҷониби Тоҷикистон бошад, мушкилоти иҷтимоиву ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатиро дар ҳудуди Русия матраҳ намуд ва зарурати ҳамкорӣ барои ҳалли амалии онҳо таъкид гардид.

Дар натиҷаи муҳокимот, ҷонибҳо аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, такмили механизмҳои дастгирӣ ва баланд бардоштани ҳимояи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатиро зикр карданд.