Суҳбатҳои профилактикӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маркази тиҷоратӣ ва фуруши маҳсулоти кишоварзӣ “Теплый стан”
22 сентябри соли ҷорӣ дар Маркази тиҷоратӣ ва фуруши маҳсулоти кишоварзӣ “Теплый стан”-и шаҳри Москва вохӯрии масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузории муҳоҷирати кишвари иқомат баррасӣ шуда, ҳамчунин тартиби истифодаи замимаи «Амина» барои бақайдгирии муҳоҷирон шарҳ дода шуд.
Ба масъалаҳои амният таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид: иштирокчиён огоҳ карда шуданд аз хатарҳои ҷалб шудан ба гурӯҳҳои шубҳанок, инчунин зарурати эҳтиёткорона муносибат кардан ба матолиби гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ғайр аз ин, муҳоҷирон ба риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар ҷои кор ва чораҳои ҳифзи саломатӣ хотиррасон карда шуданд, то хатари гирифтор шудан ба бемориҳое мисли ВНМО/СПИД ва сил коҳиш ёбад.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва мубодилаи мутақобилаи иттилоот баргузор шуд. Дар анҷоми чорабинӣ муҳоҷирон ба саволҳои худ ҷавоб гирифта, аз кормандони намояндагии Вазорати меҳнат барои таваҷҷуҳи зоҳиргардида изҳори сипос намуданд.


