Вохӯрӣ бо роҳбарияти Маркази тиҷоратӣ ва фуруши маҳсулоти кишоварзӣ «Теплый стан»

Вохӯрӣ бо роҳбарияти Маркази тиҷоратӣ ва фуруши маҳсулоти кишоварзӣ «Теплый стан»

22 сентябри соли 2025 масъулини Намояндагӣ бо роҳбарияти Маркази тиҷоратӣ ва фуруши маҳсулоти кишоварзӣ «Теплый стан»-и шаҳри Москва вохӯрии корӣ баргузор намуданд.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масъалаҳои марбут ба ҷойгиркунии шаҳрвандон ба ҷойи кор дар ҳудуди бозор, инчунин таъмини риояи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.

Роҳбарияти бозор аз Намояндагӣ барои таваҷҷуҳи зоҳиргардида изҳори сипос намуда, омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъдаи самаранок таъкид кард. Хусусан, аҳамияти ҳамкории муштарак дар самти баргузории чорабиниҳои профилактикӣ дар ҳудуди бозор таъкид шуд, ки ҳадафи онҳо огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи навгониҳои қонунгузорӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими вобаста ба ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирон мебошад.