Ҳифзи ҳуқуқ ва огоҳсозии муҳоҷирон — мулоқот дар Иркутск

Ҳифзи ҳуқуқ ва огоҳсозии муҳоҷирон — мулоқот дар Иркутск

22 сентябри соли 2025 масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир дар ҳамкорӣ бо роҳбари Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутск, дар назди масҷиди ҷомеи шаҳри Иркутск бо муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти калидӣ дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба ҳозирин оид ба таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои террористӣ бо ҳадафҳои мушаххас фаъолият бурда, барои иҷрои онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар месозанд.
Ҳамзамон ба ҳифзи саломатӣ, тозагии сару либос ва намуди зоҳирӣ низ диққати махсус дода шуд, то муҳоҷирон худ ва наздикони худро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доранд.
Вохӯрӣ дар фазои самимӣ ва бо саволу ҷавобҳои сершумор сурат гирифт. Таъкид шуд, ки дар ҳолати зарурӣ барои гирифтани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба намояндагӣ муроҷиат намоянд, на ба шахсони инфиродӣ.