Маълумоти муҳим барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Маълумоти муҳим барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикстон расонида мешавад, ки дар асоси Қонуни Федератсияи Россия № 274 ФЗ аз 1 июли 2021 соли «Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Қонуни Федералӣ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» ва Қонуни Федералӣ «Дар бораи бақайдгирии давлатӣ – дактилоскопӣ дар Федератсияи Россия», ки аз 29 декабри 2021 сол ба иҷро даромад, фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ аз синни 6 сола вазифадоранд тартиби дактилоскопия (супоридани изи ангуштон) ва аксбардориро гузаранд.
Ҳамзамон, мувофиқи Қонуни Федералии Федератсияи Россия аз 18.07.2006, № 109-ФЗ, моддаҳои 20-22 «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия», шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла кӯдакони ноболиғ, уҳдадоранд, ки дар қаламрави Россия ба қайди ҷойи иқомат гузошта шаванд.
Агар кӯдак ҳамроҳи падару модар ё намояндагони қонунии худ ворид гардад, ӯ дар ҳамон суроғае ба қайд гирифта мешавад, ки падару модар (ё намояндаи қонуниаш) сабт шудааст. Ҳамаи амалҳои зарурӣ барои гузоштани кӯдак ба қайди муҳоҷиратиро падару модар ё намояндагони қонунии ӯ иҷро мекунанд.
❗ Дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи бақайдгирии муҳоҷиратӣ метавонанд чораҳои масъулияти маъмурӣ татбиқ шаванд: ҷаримаҳои маъмурӣ, ва дар ҳолатҳои ҷудогона — хориҷ намудан (депортатсия) аз қаламрави Федератсияи Россия.