Таҳсил дар Алабуга Политех
Намояндагӣ ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки дар Алабуга Политех қабули донишҷӯён идома дорад.
Қабули ҳуҷҷатҳо то 21 сентябр идома меёбад.
Алабуга Политех чист?
Алабуга — бузургтарин минтақаи махсуси иқтисодии Русия ва маркази саноати муосир мебошад. Кампуси нави Алабуга Политех ба донишҷӯён на танҳо таҳсилоти босифат, балки таҷрибаи амалии кор дар корхонаҳои пешрафтаи байналмилалиро пешниҳод мекунад.
Афзалиятҳо барои донишҷӯён:
Ҳамаи хароҷоти кӯчбандӣ ва таҳсилро Алабуга пурра ба зимма мегирад;
Таълим бо усули амалӣ дар заминаи истеҳсолоти воқеӣ сурат мегирад;
Кампуси муосир бо шароити бароҳат ва имкониятҳои васеъ барои рушд;
Барои гурӯҳи донишҷӯёни Тоҷикистон намояндаи Алабуга Политех сафар карда, ҳамроҳӣ то кампус ва кӯмак дар онбордингро таъмин мекунад.
Аз шаҳрвандон эҳтиромона даъват карда мешавад, ки аз ин имконияти нодир истифода бурда, ояндаи худро бо Алабуга Политех созанд.
Рақам барои тамос: +7 (986) 913 55 99
