Вохурӣ вобаста ба қонунгузории Федератсияи Россия дар шаҳри Новосибирск

Вохурӣ вобаста ба қонунгузории Федератсияи Россия дар шаҳри Новосибирск

29 августи соли ҷорӣ дар масҷиди ҷомеи шаҳри Новосибирск, бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохурӣ доир гардид.
Вохурӣ вобаста ба қонунгузории Федератсияи Россия — Фармони Президенти Федератсияи Россия муҳтарам, В.В Путин аз 30.12.2024 №1126, ки то 10-уми сентябри соли ҷорӣ имкон медиҳад, ки ҳар як шаҳрванд будубоши худро қонунӣ гардонад.
Ҳамзамон, ба ҳозирин дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас доранд ва барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар мекунанд.
Инчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Ҳамчунин ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода баранд, аҳли хонаводаашонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономузӣ, ки ройгон мебошанд ҷалб намоянд, ба осорхонаҳо, театрҳо, китобхонаҳо ташриф оранд ва барои соҳиб шудан ба касбҳои серталабот ба курсҳои бозомӯзӣ раванд.
Вохурӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт. Аз ҳамватанон даъват гардид, ки барои маслиҳати ҳуқуқӣ ва тамоми мушкилот бо намояндагонӣ расмӣ тамос гиранд.