Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар шаҳри Уфа

Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар шаҳри Уфа

25 августи соли ҷорӣ масъулини Намояндагӣ дар якҷоягӣ бо ҳамраисони ташкилоти ҷамъиятии минтақавии Маркази фарҳангии тоҷикон ба номи И.Сомонӣ дар Ҷумҳурии Бошқирдистон Сатторов Қодир Мухторович ва Буров Ҳакимджон Бегиджонович дар бозори Затони шаҳри Уфа бо ҳамватанону муҳоҷирон вохӯриву сӯҳбатҳо доир гардид.
Дар вохӯри ба маълумоти муҳоҷирону ҳамватанон расонида шуд, ки ҳарчи зудтар ҳолати будубоши худро тибқи меъёрҳои Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 танзим намоянд, зеро мӯҳлати амали Фармони болозикр то 10 сентябри соли 2025 мебошад.
Инчунин, бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанону фаъолонӣ бурунмарзӣ, ки дар бозори мазкур кору фаъолият менамоянд сӯҳбатҳо доир ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои шубҳаноки экстремисти ва ифротгарои баргузор гардид.