Вохӯрӣ бо шаҳрвандонамон дар деҳаи Терновои шаҳри Кашира

Вохӯрӣ бо шаҳрвандонамон дар деҳаи Терновои шаҳри Кашира

27 августи соли ҷорӣ бо муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кашираи вилояти Москва вохӯрӣ баргузор гашт. Мақсади вохӯрӣ шинос шудани масъулини Намояндагӣ бо шароити меҳнату зист, риояи қонунгузории Россия ва пешгирӣ аз хатарҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ.
Вохӯрӣ дар иншооти сохтмонии тозакунии оби деҳаи Терново баргузор гардид. Пудратчии генералӣ иншооти сохтмонӣ ширкати ҶДММ «Корхонаи истеҳсолии ВИС», ки зиёда аз 10 сол дар соҳаи сохтмон фаъолият мекунад. Сармуҳандиси ширкат меҳнати муҳоҷирони тоҷикро баланд арзёбӣ карда, шароити мусоиди ширкатро барои онҳо таъкид намуд: пардохти боҷи патент, манзил, ғизо, расмиятдиҳӣ ва музди миёнаи 6–10 ҳазор рубл дар як рӯз.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои шартҳои меҳнат, қонунгузории муҳоҷират, чораҳои беҳдоштӣ ва эмин нигоҳ доштани саломатӣ аз касалиҳои сироятӣ, инчунин ҳушдор аз ҷалбшавӣ ба гурӯҳҳои шубҳанок ва истифодаи эҳтиёткоронаи шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуданд.
Қисмати саволу ҷавоб баргузор гардид, варақаҳои иттилоотӣ ва рақамҳои хатти доимӣ тақсим карда шуданд. Муҳоҷирон барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ изҳори сипос карданд.
Намояндагӣ минбаъд низ чунин вохӯриҳоро идома дода, муҳоҷиронро аз навгониҳои қонунгузорӣ ва чораҳои ҳифзи ҳуқуқу саломатӣ огоҳ хоҳад сохт.