Нест бод коррупсия
Ҳамватанони азиз!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо ҳадафи фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Русия меоянд, даъват менамояд, ки қонунгузории ҳар ду давлатро қатъиян риоя карда, ба ҳар гуна зуҳуроти коррупсионӣ фаъолона муқовимат намоянд.
Амалиётҳои коррупсионӣ — додани маблағ, туҳфаҳо ё дигар манфиатҳо ба шахсони мансабдор ё миёнаравон барои расмиятдиҳии ҳуҷҷатҳо, пайдо кардани ҷойи кор ё ҳалли масъалаҳои маъмурӣ — ба ҳуқуқу манфиатҳои шумо, амният ва обрӯи ҷомеаи мо зарари ҷиддӣ мерасонанд. Дар хотир доред: аксари тартибот ва амалкардҳои расмӣ тибқи қонун дар чорчӯбаи муқарраргардида анҷом дода мешаванд ва талаб намудани пардохтҳои иловагӣ берун аз меъёрҳои расмии давлатӣ амали ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад.
Мо тавсия медиҳем:
- маблағ напардохта, ба «хизматрасониҳои ғайрирасмии» миёнаравон розӣ нашавед;
- танҳо аз воситаҳои расмии расмиятдиҳии ҳуҷҷатҳо ва пайдо кардани ҷойи кор истифода баред;
- ҳамаи расидҳо ва ҳуҷҷатҳоро, ки пардохтҳоро тасдиқ мекунанд, нигоҳ доред;
- дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо тамаъҷӯӣ, фишор ё қаллобӣ фавран иттилоъ диҳед.
Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои дорои аломатҳои коррупсионӣ метавонед муроҷиат намоед:
- ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия
- ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия;
- ба муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба мақомоти ваколатдори Федератсияи Русия.
Бо талошҳои муштарак мо метавонем ҳуқуқҳои шаҳрвандонамонро ҳифз намоем, шароити одилона ва амни меҳнатро таъмин созем ва сатҳи бовариро ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшем.
Рақамҳо барои тамос:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77 ;
5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99
8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48
Почтаи электронии Намояндагӣ:
🌐 prmstj@mail.ru
Ҳушёр бошед ва аз миёнаравон худдорӣ намоед — танҳо аз роҳҳои расмӣ истифода баред! Бо эҳтиром,
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
