ТАБРИКОТИ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикони муқими Россия, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангӣ ва муҳоҷирони меҳнатиамонро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати заҳматкашу тамаддунофари тоҷик, рамзи иттиҳод, сарҷамъӣ, ваҳдату якдилӣ ва саодат мебошад. Маҳз, бо шарофати хизматҳои шоён ва хастанопазири Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо ба яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё табдил гардида, бо ташаббусҳои оқилона ва сулҳҷӯёнаи Роҳбари Олии кишвар, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар доираи сиёсати шарикии стратегӣ ва сиёсати дарҳои боз рушд намуда истодааст.
Имрӯз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, навсозии инфрасохтор, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, далоили возеҳи он аст, ки сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, самараи нек ба бор оварда, халқи шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоишта ва шароити арзанда зиндагӣ дошта, Тоҷикистон хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон гардидааст.
Дар заминаи сиёсати оқилонаи роҳбарони ду кишвари дуст — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин муносибатҳои дуҷониба дар ҳама самтҳо рушд намуда, дӯстиву бародарии ду халқи бузург қавитар гаштааст.
Имрӯз дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба, ҳазорон шаҳрванди ду кишвари дуст, барои фаъолияту зисти муваққатӣ, Тоҷикистону Россияро интихоб менамоняд, ки барои таҳкими дӯстиву бародарии ду халқ ва ду кишвар заминаҳои устувор мегузорад.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарафманди Тоҷикистон рамзӣ буда, нишонаи эҳтиром, эътимод ва садоқату вафодории миллат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо мубораку фархунда бошад ҳамватанони азиз !
