МАЪЛУМОТИ ИТТИЛООТӢ оид ба боло рафтани (афзоиши) арзиши патент дар  Федератсияи Россия дар соли 2026

МАЪЛУМОТИ ИТТИЛООТӢ оид ба боло рафтани (афзоиши) арзиши патент дар Федератсияи Россия дар соли 2026

Муҳтарам шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оиб ба муҳоҷират ба маълумоти Шумо мерасонад, ки арзиши патент барои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Москва дар соли 2026 меафзояд.
Аз 1 январи соли 2026 арзиши моҳонаи патент барои шаҳрвандони хориҷӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар шаҳри Москва фаъолияти меҳнатӣ мебаранд, зиёд гардида, 10 000 рубл-ро ташкил медиҳад (ба ҷои 8 900 рубл дар соли 2025).
Асос:
Қонуни шаҳри Москва аз 01.11.2025 № 41 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қонунҳои алоҳидаи шаҳри Москва дар соҳаи андозбандӣ», ки мувофиқи он коэффисиенте, ки хусусиятҳои минтақавии бозори меҳнатро дар шаҳри Москва барои соли 2026 инъикос мекунад, ба андозаи 2,9323 муқаррар шудааст (дар соли 2025 — 2,8592).
Муҳим барои онҳое, ки ният доранд дар соли 2026 дар шаҳри Москва фаъолияти меҳнатиро шуруъ кунанд ё идома диҳанд:
• Агар шумо барои як ё якчанд моҳи соли 2026 патентро бо нархи кӯҳна (8 900 рубл) пешакӣ пардохт карда бошед, ҳеҷ гуна пардохти иловагӣ талаб намешавад. Қабзҳои пардохтшуда амалкунанда мемонанд.
• Шумо метавонед маблағи зиёдеро сарфа кунед, агар патентро барои соли 2026 то 31 декабри соли 2025 пешакӣ пардохт намоед. Дар ин сурат арзиши ҳар моҳи соли 2026 8 900 рубл, на 10 000 рубл мешавад.
• Сарфа барои як моҳ — 1 100 рубл.
• Агар патентро барои тамоми соли 2026 (12 моҳ) пешпардохт кунед, сарфа 13 200 рубл-ро ташкил медиҳад.
Тавсия медиҳем, ки пардохтро ба рӯзҳои охири декабр нагузоред, то аз навбатҳо дар бонкҳо ва ноқисиҳои техникии эҳтимолӣ ҷилавгирӣ шавад.
Оид ба масъалаҳои вобаста ба тартиб ва пардохти патент, Шумо ҳамеша метавонед ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оиб ба муҳоҷират ё ба масъулини Ҳавзаҳои минтақавии мо муроҷиат намоед.
Рақамҳо барои тамос:

  1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: ‪‪‪‪‪‪+7 (967) 271-02-02‬‬‬‬‬‬, ‪‪‪‪‪‪+7 (988) 676-00-00‬‬‬‬‬‬, ‪‪‪‪‪‪+7 (966) 031-22-22‬‬‬‬‬‬, ‪‪‪‪‪‪+7 (936) 174-19-92‬‬‬‬‬‬, ‪‪‪‪‪‪+7 (926) 586-03-00‬‬‬‬‬‬ ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ‪‪‪‪‪‪+7 (999) 912-58-68‬‬‬‬‬‬;
    2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: ‪‪‪‪‪‪+7 (926) 311-52-53‬‬‬‬‬‬;
    3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: ‪‪‪‪‪‪+7 (977) 963-25-69‬‬‬‬‬‬;
    4.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: ‪‪‪‪‪‪+7 (901) 344-77-77‬‬‬‬‬‬ ;
    5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Иркутск: ‪‪‪‪‪‪+7 (929) 388-54-11‬‬‬‬‬‬;
    6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: ‪‪‪‪‪‪+7 (909) 809-55-48‬‬‬‬‬‬.
  2. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург ‪‪‪‪‪‪+7 (999) 341-45-99‬‬‬‬‬‬
  3. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск ‪‪‪‪‪‪+7 (909) 809 55 48‬‬‬‬‬‬
    Почтаи электронии Намояндагӣ:
    🌐 prmstj@mail.ru
    Худро эҳтиёт кунед ва қонунӣ фаъолият намоед!
    Бо эҳтиром,
    Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
    Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират