Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ҷойи аввалро гирифт.

Қобили қайд аст, ки қаблан Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» дар озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардид.

Ба иттилои директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Абдувалӣ Абдураҳмонзода, моҳи ноябри соли 2024 аз рӯи «Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуот барои солҳои 2022-2026» бо ҷалби олимону донишмандон нашриёти «Ирфон» аз осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду китоб- «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ»-ро дар таҳрири нав бо сифати баланди полиграфӣ ба нашр расонид.

«Аҳамияти ин асарҳо барои баланд бардоштани шинохти миллӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Ватану миллат хеле назаррас аст. Мақсади асосии Сарвари давлат ин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пуртазод мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафту ободӣ ва суботи мамлакат саҳм гузоранд»,-гуфт Абдувалӣ Абдураҳмонзода.

Директори нашриёт даъват намуд, ки ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеа бояд аз муҳтавои асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳ бошанд ва онҳоро ба таври амиқ мутолиа намоянд, зеро дар ин асарҳо аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик то соҳиб гаштан ба давлати соҳибистиқлол ва рушди минбаъдаи мамлакат маълумоти зиёд оварда шудаанд.

«Гуфтугӯи тамаддунҳо ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза табдил ёфта, роҳу равиши солими он барои ба ҳам омадани фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва худшиносии динии халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик заминаи мусоид мегузорад.

Таърихи фарҳанги тоҷикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва ғановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ – тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ шодоб гардидааст»,- чунин баён доштаанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо».

Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгуфтори китоби «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ», ки унвони рамзии «Бишнав аз най…» — ро гирифтааст, аз ҷараёни муносибати густардаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба афкор ва андешаҳои оламгири Мавлоно баргашта, бар пояи сабаб ва омилҳои аслӣ зарурати таълифи чунин асари арзишмандро ба таври амиқ ва равшану барҷаста чунин тавзеҳ додаанд: «Бо рушди босуръат ва печидаи ҷомеаи башарӣ, таҳаввулоти навин ва амиқи иҷтимоӣ, афзоиши мушкилот ва зиддияти гуногун, бахусус зарурати таъхирнопазири робита ва ҳамкории созандаи халқҳо, минтақаҳо ва тамаддунҳо башарият бештару бештар ба Мавлонои мо рӯ хоҳад овард.