Донишҷӯи тоҷик ғолиби Мукофоти миллии умуми Россия «Донишҷӯи сол – 2025» дар номинатсияи «Донишҷӯи хориҷии сол» гардид
Дӯстони азиз!
Бо камоли хушнудӣ ва ифтихори бузург ба иттилои шумо мерасонем, ки донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Сибири шаҳри Томск, Аҳтамов Аҳтам Алиҷонович дар шаҳри Москва миёни 850 иштирокчӣ ғолиби Мукофоти миллии умуми Россия «Донишҷӯи сол – 2025» дар номинатсияи «Донишҷӯи хориҷии сол» гардид!
Ин дастоварди назаррас на танҳо муваффақияти шахсии Аҳтамов Аҳтам Алиҷонович, балки мояи ифтихори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Меҳнатдӯстӣ, иродаи қавӣ ва сатҳи баланди донишу маҳорати ӯ намунаи ибрат барои тамоми ҷавонони Тоҷикистон буда, онҳоро ба омӯзиш, рушд ва расидан ба комёбиҳои байналмилалӣ илҳом мебахшад.
Аз самими дил ин пирӯзии арзандаро табрик гуфта, барои намояндагии шоистаи насли ҷавони мо ва Ватани азизамон дар сатҳи баланд изҳори сипос менамоем!
