Иштирок дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир
18 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО)-и Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Демография, муҳоҷират ва рушди устувор: равандҳои муосири демографӣ ва муҳоҷират дар миқёси ҷаҳонӣ», ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир баргузор гардид.
Дар кори конфронс коршиносони соҳа, намояндагони иниститутҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, Думаи давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии халқҳои муқими Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори конфронс масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳое муҳими иқтисодию иҷтимоии Россия фаъолият мекунанд, ки дар рушди иқтисоди миллии кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ саҳмгузорӣ намуда, баҳри таҳкими дӯстӣ ва шарикии стратегии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ менамоянд.
Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия фаъолият дар самти муҳоҷирати бехатар тақвият дода шуда, дар ин давра як қатор санадҳои муҳими давлатӣ ба тасвиб расидааст, ки ҷиҳати фароҳамоварии шароити арзанда, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия заминагузорӣ менамояд.
Дар кори конфронс намояндагони 32 давлат иштирок намуда, аз натиҷаи кори конфронс тавсиянома ба тасвиб мерасад.

