Вохӯрии кории масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Подолск
17 декабри соли 2025 дар шаҳри Подолски вилояти Москва вохӯрии кории масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия фаъолият доранд, баргузор гардид. Чорабинӣ дар бинои Хонаи савдои «Дубровский» доир шуда, ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин рушди муколамаи созанда равона гардида буд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба иштирокчиён зарурати риояи қатъии қонунгузории муҳоҷирати кишвари иқомат, иҷрои талаботи вобаста ба фаъолияти меҳнатӣ, инчунин риояи ҳатмии меъёрҳои ҳифзи меҳнат, қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва эҳтиёткорӣ дар ҷойҳои корӣ ба таври муфассал шарҳ дода шуд. Ба масъалаҳои пешгирии ҷалб гардидани муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои деструктивӣ ва ғайриқонунӣ, инчунин аҳамияти рафтори бошуурона ва қонунпазир дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Илова бар ин, дар доираи чорабинӣ мавзӯи пешбурди тарзи ҳаёти солим ҳамчун омили муҳимми ҳифзи саломатии ҷисмонӣ ва равонӣ, баланд бардоштани қобилияти меҳнатӣ ва таъмин намудани некӯаҳволии устувори оила мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба иштирокчиён оид ба ташаккули муносибати масъулона нисбат ба саломатии худ ва муҳити иҷтимоӣ тавсияҳои зарурӣ пешниҳод гардиданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ муҳоҷирони меҳнатӣ имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро ба кормандони Намояндагӣ пешниҳод намоянд ва ба онҳо ҷавобҳои тахассусӣ ва машваратҳои ҳуқуқӣ дастрас кунанд. Вохӯрӣ дар фазои ошкоро, эҳтироми мутақобил, дӯстона ва мубодилаи самараноки иттилоот баргузор гардида, ба таҳкими эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ байни ҷонибҳо мусоидат намуд.

