Табрикоти Намояндагӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир
Ҳамватанони азиз,
муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Шуморо бо Рӯзи байналмилалии муҳоҷир самимона табрик менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷиҳати беҳтар намудани фазои муҳоҷирати меҳнатӣ, фароҳам овардани шароити арзанда, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, такмили ихтисос ва фароҳамоварии шароитҳои фании шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷи мамлакат фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, тадбирҳои мушаххасу заруриро роҳандозӣ намуда, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Тоҷикистон дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва кафолатҳои шаҳрвандони кишвар дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар ин самт Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои худ дар доираи созмонҳои байналмилалии минтақавию ҷаҳонӣ таклиф ва ташаббусҳои беназирро ҷиҳати ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон, ки дар хориҷи кишвар фаъолият менамоянд, роҳандозӣ намуда, дар ин самт таъмини кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон фароҳам оварда шудааст.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи муҳоҷиронро ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷират табрик намуда, саодати рӯзгор, донишу малака ва шароити арзандаи меҳнатиро бароятон таманно менамоем.
Итминони комил дорем, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Федератсияи Россия бо дониш, маҳорати баланди касбӣ, ҳунари воло ва истеъдодҳои нотакрори худ дар рушди иқтисоди кишвари қабулкунанда ва Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманд гузошта, баҳри таҳкими дӯстии халқҳо, густариши робитаҳо саҳми арзишманд мегузоранд.
