Вохӯрии масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ бо директори Маркази тиббии «СВ ПРОФИ ПЛЮС»
14 декабри соли ҷорӣ вохӯрии масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ бо директори маркази тиббии «СВ ПРОФИ ПЛЮС» Маҳмадҷонов Идибек Абдуназарович баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои расонидани хизматрасониҳои тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла гузаштан аз муоинаи тиббӣ дар муассисаҳои дахлдор, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маркази тиббии «СВ ПРОФИ ПЛЮС» маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои тиббиро барои муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод намуда, мунтазам тахфифҳои гуногун ҷорӣ мекунад, то хизматрасониҳо бо нархҳои дастрас пешниҳод шаванд, инчунин пайваста барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ чора меандешад.
Директори маркази тиббӣ ба Намояндагӣ барои ҳамкории доимӣ ва ғамхорӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори сипос намуда, сатҳи баланди интизом ва меҳнатдӯстии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро махсус таъкид кард.
