Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 декабри соли ҷорӣ дар ҳавзаҳои Федератсияи Россия кормандони Намояндагӣ дар биноҳои Консулгариҳои генералӣ бо иштироки ҳайати кормандони консулгариҳо Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.
Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеаи демократӣ ва давлати соҳибистиқлоламон маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд.
Зимни ироаи Паём самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ барои солҳои минбаъда ва дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро, ки дар зарфи 34 соли соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуда, дастовардҳои назаррас аз ҷониби Ҷаноби Олӣ ироа гардиданд.