АМИТ «Ховар»: ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?

АМИТ «Ховар»: ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?

Тибқи тағйироти пешбинишуда дар қонунгузории Федератсияи Русия, соли 2027 якчанд талаботи нав нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ мавриди амал қарор мегиранд.

– Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират хабар доданд, аз 1 январи соли 2027 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатӣ доранд, бояд сатҳи ҳадди ақалли даромад дошта бошанд, то барои таъмини зиндагии худ ва аъзои оилааш, ки дар ин давлат ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекунанд ва аз ҷиҳати молиявӣ дар таъминоти ӯ қарор доранд, кофӣ бошад.

Ҳаҷми чунин таъминот набояд аз андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ бо назардошти коэффитсиенти минтақавии муқарраргардида камтар бошад. Коэффитсиенти дахлдор дар ҳар субъекти ин давлат бо назардошти шароити минтақа муайян карда мешавад. Дар ҳолате, ки шаҳрванди хориҷӣ дар ду ё зиёда субъекти Федератсияи Русия (мисол — вилояти Москва ва Ленинград) фаъолияти меҳнатӣ анҷом диҳад, ҳисобкунии маблағи зарурӣ бо назардошти баландтарин андозаи ҳадди ақалли зиндагии муқарраргардида дар байни ин минтақаҳо анҷом дода мешавад.