КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МИЁНИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МИЁНИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

 
Имрӯз дар доираи нақша чорабиниҳои Намояндагӣ дар шаҳри Москва дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ варақаи иттилоотӣ тақсим карда шуда, оид ба қонунгузориҳои нави муҳоҷиратӣ, тартиби дурусти истифодаи барномаи “Амина”, ҳолатҳои пешгирикунандаи қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои меҳнатӣ, инчунин оид ба рияои талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот маълумотҳои муфид дода шуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармоёни хориҷӣ зарур аст, ки шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи асли онро дар худ нигоҳ доранд, чун ҳангоми мушкилот дар самти пардохти музди меҳнат ва ҳифзи кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати танзимкунанда ва тасдиқкунандаи юридикӣ шартномаи меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.
Инчунин дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирии онҳо аз гуруҳҳои иртиҷоӣ ва ифротгароии диннӣ, пешгирӣ аз истифодаи маводҳои мухаддиру маводҳои мамнуъшуда маълумот дода шуд.
Зикр гардид, ки дар замони муосир истифодаи воситаҳои муосртарини дастрасӣ ба иттилоот барои ташаккули андешаи фикрии инсоният мусоидат намуда, мутаассифона истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои мамнуъ муҳоҷирони меҳнатиро ба доми фиреб оварда, онҳоро мувоҷеҳи мушкилоти зиёд мегардонад. Вобаста ба ин ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода шуд, ки аз истифодаи сомонаҳои мамнуъ худдорӣ намуда,  фарҳанги дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро риоя намоянд.  
Дар ҳолати пеш омадани мушкилот ва ё пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, метавонед ба мутахассисони Намояндагӣ тавассути рақамҳои мазкур дар тамос шавед.
Телефонҳо барои тамос:
 
1.     Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44
ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00
2.     Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
3.     Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;
4.     Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Твер, Смоленск ва Брянск +7 (923) 554 39 36;
5.     Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59;

  1. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)9632569;
  2. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
  3. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
  4. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
  5. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(985) 2970835;
    11.Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
    Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.