Вохӯрии муфид бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Иркутск
12 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Иркутски, вилояти Иркустк вохӯрии масъули Намояндагӣ бо роҳбарияти шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Иркутск баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ декани факултаи муносибатҳои байналмилалӣ Крупская Тамара Семёновна, сардори шуъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷӣ Кукушкина Инга Николаевна, сардори шуъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷӣ Ловчагина Оксана Викторовна, инчунин донишҷӯёни фаъол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин донишгоҳ таҳсил менамоянд, иштирок доштанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба сатҳи таҳсили донишҷӯён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти таълимӣ ва ҷамъиятии донишгоҳ баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон ба мушкилоте, ки вақтҳои охир бо донишҷӯён ба миён меоянд, аз ҷумла ворид гардидани онҳо ба Феҳристи шахсони назоратшаванда, диққати махсус дода шуд.
Роҳбарияти донишгоҳ қайд намуд, ки чунин ҳолатҳо нисбат ба донишҷӯён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасанд, вале бо мусоидати шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва сохторҳои салоҳиятдори ВКД Федератсияи Русия дар вилояти Иркутск ин масъалаҳо фавран ва ба манфиати донишҷӯён ҳаллу фасл мегарданд, зеро онҳо барои иқомат ва таҳсил дар қаламрави Федератсияи Русия асосҳои қонунӣ доранд.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ зарурати баргузории суҳбатҳои профилактикӣ ва иттилоотӣ бо донишҷӯён таъкид карда шуд, зеро ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа буда, бояд аз ҷалб шудан ба гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои гуногуни ифротӣ ва харобкорона ҳифз карда шаванд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, муколамаи созанда ва табодули иттилоот баргузор гардид. Донишҷӯён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои муфассал дарёфт намоянд.
Роҳбарияти донишгоҳ ба Намояндагӣ барои таваҷҷуҳ ва иштироки фаъолона дар вохӯрӣ изҳори сипос намуда, фаъолияти пурсамари корманди Намояндагӣ ва сатҳи баланди ҳамкориро махсусан қадрдонӣ намуд.



