БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!!!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилотии миёна, миёнаи касбӣ, таҳсилоти олӣ, таҳсилоти баъдидипломӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии дар ҳудуди Федератсияи Россия таҳсилкунанда, мерасонад, ки риояи талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия ҳатмӣ буда, иҷрои он кафолати қонунии ҳар яки шуморо таъмин менамояд.
Дар ротиба ба тағийрот дар самти қонунгузории будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Россия Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия иттилоъ медиҳад, ки тамдид намудани муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, дар робита ба таҳсил яке аз ӯҳдадориҳои муассисаҳои таълимию илмӣ буда, маъмурияти муассиса вазифадор аст, ки раванди будубоши қонунии шаҳрванди кишвари хориҷиро дар ҳудуди Федератсияи Россия таъмин намояд.
Мувофиқи Қонуни Федеролии №115-ФЗ аз 25 июли соли 2002 «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» ва тағийротҳо ба қонуни мазкур муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки на дертар аз 20 рӯз пеш аз анҷоми муҳлати будубоши донишҷӯи хориҷӣ бо дархост ба мақомоти минтақавии Вазорати корҳои дохилии Россия муроҷиат намоянд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таълимию илмии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, вазифадоранд, ки баъди ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Россия пас аз гузашти 90 шабонарӯз, дар ин муддат ба Раёсати кор бо муҳоҷиратии ноҳиявии худ дар асоси мактуби расмии муассисаи таълимӣ муроҷиат намуда, корти муҳоҷиратии худро тамдид намоянд.
Хотирасон менамоем, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, дар асоси ҳуҷҷатҳои будубоши волидайн метавонанд, муҳлати корти муҳоҷиратии худро тамдид намоянд.
Ба гуруҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои курси такмили ихтисос, курсҳои кутоҳмуддати бозомӯзӣ, иштирок дар экспедиятсияҳои илмӣ, тадқиқотҳои сотсиологии муштарак, курсҳои таҷрибаомӯзии байнидонишгоҳӣ ба муҳлати зиёда аз 90 шабонарӯз ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, онҳоро низ зарур аст, ки ин раванди тамдиднамоии корти муҳоҷиратиро вобаста ба мақоми ҷойгиршавӣ дар асоси мактуби расмии муассиса ба мақомоти салоҳитядори давлатии Россия муроҷиат намоянд.
Гуруҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ба ҳайси унвонҷӯ, доктарант таҳсил доранд, онҳо низ вазифадоранд, ки раванди мазкурро тибқи меъёрҳои ҷоришуда (по пешниҳоди мактуби расмӣ, нусха аз протоколи ҷаласаи кафедра, фармоиши директори муассиса ва шартномаи тарафайн) риоя намоянд.
Дар ҳолате ки муҳлати бақайдгирӣ сари вақт тамдид карда нашавад, донишҷӯи хориҷӣ метавонад ба феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда шавад, ки он аз 5 феврали соли 2025 дар ҳудуди Федератсияи Россия амал мекунад.
Ворид шудан ба ин феҳрист метавонад боиси маҳдуд гардидани баъзе ҳуқуқҳо ва амалҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия гардад.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бояд раванди амалии қонунгузории кишвари иқоматро дар самти будубоши шаҳрвандони хориҷӣ қатъиян риоя намуда, талаботҳои зеринро ба таври ҳамешагӣ зери назорати доимӣ дошта бошанд:
1. Муҳлати бақайдгирӣ ва шартномаи таҳсили худро бо муассиса сари вақт назорат намоянд;
2. Барои дароз кардани муҳлати будубош пешакӣ ба шуъбаи байналмилалӣ ё Раёсати донишгоҳ тибқи талаботи қонунгузории Россия дар муҳлати муайянгардида, муроҷиат намоянд;
3. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ё пеш омадани мушкилот дар ин самт, барои гирифтани машварат ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд;
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар ин самт ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва масъулини он дар минтақаҳои Россия муроҷиат намоед.
Рақамҳо барои тамос:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48;
7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99;
8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48;
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru
