ПАЁМИ ИТТИЛООТӢ оид ба Қонуни федералии № 314-ФЗ аз 31 июли соли 2025

ПАЁМИ ИТТИЛООТӢ оид ба Қонуни федералии № 314-ФЗ аз 31 июли соли 2025

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки аз 28 январи соли 2026 дар Россия Қонуни федералии № 314-ФЗ аз 31 июли соли 2025 қабул шуда, тартиби нави мубодилаи иттилоот дар бораи кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ байни ВКД Россия ва мақомоти маорифи Россия ба ҳукми амал даромада, раванди будубоши шаҳрвандони ноболиғи хориҷӣ дар кишвари иқомат таҳти назорати мақомоти дахлдори давлатӣ қарор мегирад.

Ин барои Шумо ва фарзандонатон чӣ маъно дорад?

1.Вақте ки Шумо кӯдакро ба қайди муҳоҷират мегузоред (ё аз қайд мебароред), ВКД ин маълумотро ба таври худкор ба идораи маорифи маҳаллӣ мефиристад. Ин ба муайян кардани эҳтиёҷоти фарзанди Шумо ба ҷой дар мактаб ё кӯдакистон кӯмак мерасонад.

2.Агар Шумо барои дохил кардани фарзанд ба мактаб ё коллеҷ муроҷиат кунед, муассисаи таълимӣ ӯҳдадор аст дар ин бора ба ВКД хабар диҳад. Дигар маълумоте, ки ҳамроҳ фиристода мешаванд:

Натиҷаҳои санҷиши дониши забони русӣ,

Парвандаи шахсии навраси дохилшав ба мактаб/коллеҷ,

далели хориҷшавӣ (агар кӯдак таҳсилро қатъ карда бошад).

3.Ҳадафи асосии Қонуни федералии № 314-ФЗ — пешгирӣ кардани он аст, ки кӯдакони муҳоҷирон аз таҳсил дур намонда, ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Оилаҳое, ки фарзандони худро аз таҳсил дур менамоянд, мақомот бо чунин оилаҳо корҳои инфиродӣ гузаронида (кӯмак дар дохилшавӣ, ҷустуҷӯи ҷой ва ғайра) ёрии амалӣ ва ҳуқуқӣ мерасонанд.

Ҳамаи ин амал ба таври худкор тавассути системаҳои электронӣ сурат гирифта, мушкилоти оилаҳои муҳоҷирони меҳнатиро дар сати гирдоварии ҳуҷҷатҳо барои таҳсили кӯдакон ва наврасон содда менамояд.

Тавсияҳои Намояндагӣ:

•Ҳатман фарзандонро ҳамзамон бо худ ба қайди муҳоҷират дар суроғаи воқеии зист гузоред.

•Ҳарчи зудтар ба мактаби наздиктарин барои дохил кардани кӯдак муроҷиат кунед (ҳатто агар қайд ҳанӯз муваққатӣ бошад).

•Агар дар дохил кардани кӯдак ба мактаб ё кӯдакистон мушкилӣ пайдо шавад — фавран ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат кунед.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар ин самт ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва масъулини он дар минтақаҳои Россия муроҷиат намоед.

Рақамҳо барои тамос:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.

2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;

3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;

5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11;

6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48;

7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99;

8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48;

Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru