Фармони N 926 ВКД-и Россия аз 22.11.2021 — тамға дар пушти корти муҳоҷиратӣ

Фармони N 926 ВКД-и Россия аз 22.11.2021 — тамға дар пушти корти муҳоҷиратӣ

Ҳамватанони азиз!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёдоварии муҳим муроҷиат менамояд: !!!Риояи қатъии қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия ҳатмист!!!
Дар моҳҳои охир шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандони мо, ки ба Феҳристи шахсони назоратшавандаи ВКД-и Россия ворид гардидаанд, ба таври назаррас зиёд шудааст. Сабаби асосии ин ҳолатҳо вайрон кардани қоидаҳои будубош мебошад, аз ҷумла:
•гузаштани муҳлати бақайдгирӣ;
•напардохтани маблағи патент;
•набудани (набастани) шартномаи меҳнатӣ;
•сари вақт пешниҳод накардани огоҳиномаи шартномаи меҳнатӣ ба мақомоти дахлдор.
Ворид гардидани шахс ба Феҳристи шахсони назоратшаванда (амал мекунад аз моҳи феврали соли 2025) боиси пайомадҳои ҷиддӣ дар доираи низоми ихроҷ мегардад, аз ҷумла:
•маҳдудият дар кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва анҷом додани амалиётҳо (ба истиснои интиқолҳои маҳдуд ва гирифтани нақд то 30 ҳазор рубл дар як моҳ);
•манъи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, бастани ақди никоҳ ва идора намудани автомобил;
•ғайриимкон будани қабул гардидани фарзандони ноболиғ ба муассисаҳои таълимӣ;
•уҳдадории ҳозир шудан ба мақомоти ВКД-и Россия;
•Дар ҳолати ихтиёран тарк накардани ҳудуди Федератсияи Россия депортатсия бо ҷойгиркунӣ ба муассисаи махсус ва манъи вуруд ба Федератсияи Россия барои муҳлати тӯлонӣ.
Бо мақсади пешгирӣ аз чунин мушкилот, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳушёр бошед ва қонунҳои кишвари иқоматро қатъиян риоя намоед:
1. Риоияи шартҳои патент ва қонунгузории кишвари иқомат
•Пас аз бастани шартномаи меҳнатӣ корфармо уҳдадор аст, ки дар муҳлати 3 рӯз мақомоти ВКД-ро огоҳ намояд.
•Шумо шахсан уҳдадоред, ки дар давоми 2 моҳ аз рӯзи додани патент нусхаи шартнома ва огоҳинома дар бораи фаъолияти меҳнатиро ба ВКД-и Россия пешниҳод намоед.
•Ҳар моҳ маблағи пардохти пешакии патентро сари вақт пардохт намоед (ҳатто таъхири як рӯз боиси бекор шудани патент мегардад).
2. Бақайдгирӣ дар ҷойи будубош
•Тамдиди муҳлати будубош барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо патент фаъолият мекунанд, ба таври худкор ҳангоми пардохти саривақтии патент ва мавҷуд будани шартномаи меҳнатӣ сурат мегирад (маълумот дар пойгоҳи ВКД-и Россия сабт мешавад).
•Аммо дар ҳолатҳои пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои Иҷозати иқомати муваққатӣ (РВП), Иҷозати иқомати муваққатӣ барои таҳсил (РВПО) ва Иҷозати иқомати доимӣ (ВНЖ), зарур аст, ки ба мақомоти ВКД муроҷиат намуда, тамға (штамп) оид ба тамдиди муҳлати будубош (тибқи Фармони N 926 ВКД-и Россия аз 22.11.2021) дар пушти корти муҳоҷиратӣ гузошта шавад. Бе ин тамға тамдид ҳангоми санҷишҳо метавонад расман тасдиқ нашуда бошад. Инчунин:
               1. Вақте ки шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсил дохил мешавад;
               2. Вақте ки шаҳрванди хориҷӣ барои тамдиди будубош ба таври инфиродӣ муроҷиат мекунад — дар асоси имконнопазирии рафтан бо сабаби табобат е сабабҳои дигар (шахсӣ);
Риояи ин талабот ба Шумо имкон медиҳад, ки қонунӣ кор ва иқомат намоед ва худро аз хавфҳо ҳифз кунед.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо Шумо метавонед ба мақомоти минтақавии ВКД-и Федератсияи Россия ё ба Намояндагӣ ба рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02 , +7 (988) 676-00-00 , +7 (966) 031-22-22 , +7 (936) 174-19-92 , +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 ; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53 ;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69 ;
4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77 ;
5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11 ;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48 .
7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99
8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru