Феҳристи шахсони назоратшаванда ва ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқӣ
Муҳтарам муҳоҷирони меҳнатӣ!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар вақтҳои охир муроҷиатҳои шаҳрвандоне, ки ба феҳристи шахсони назоратшаванда ворид гардидаанд, зиёд шудаанд.
Бо ин сабаб, Намояндагӣ маълумоти расмии пешниҳоднамудаи Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Москваро ба таваҷҷуҳи Шумо мерасонад.
Барои ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқии худ шаҳрвандони хориҷие, ки дар шаҳри Москва ба қайди муҳоҷиратӣ гирифта шудаанд, метавонанд аз яке аз роҳҳои зерин истифода баранд:
- Муроҷиати шахсӣ
Бо ҳузури шахсӣ ба шуъбаи ҳудудии Сарраёсати ВКД Россия дар шаҳри Москва тибқи маҳалли бақайдгирии муҳоҷиратӣ муроҷиат намуда, вазъи ҳуқуқии худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба танзим дароранд. - Муроҷиати электронӣ
Бо роҳи электронӣ тавассути сомонаи расмии 77.мвд.рф, бо интихоби бахши «ҚАБУЛИ МУРОҶИАТҲО», бо замимаи нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва қонунӣ будани будубош дар қаламрави Федератсияи Россия ариза пешниҳод намоянд.
Дар ин ҳолат ҳузури шахсӣ ба шуъбаҳо талаб карда намешавад. Ҷавоб ба суроғаи шумо ба таври фосилавӣ ирсол мегардад. Усули электронии муроҷиат қулай буда, муҳлати баррасии аризаро аз ҷониби шахсони мансабдор кӯтоҳ менамояд.
Илова бар ин, аз ҷониби шуъбаҳои масъалаҳои муҳоҷирати шаҳри Москва нуқтаҳои махсуси қабул танҳо барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар шаҳри Москва ба қайд гирифта шудаанд, ҷиҳати баррасии масъалаи хориҷ намудан аз феҳристи шахсони таҳти назорат дар суроғаҳои зерин кушода шудаанд:
- Ҳавзаи Марказӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ноҳияи Таганский)
ш. Москва, кӯчаи Палaшeвский, хонаи 7 - Ҳавзаи Шимолу шарқӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲШШ)
ш. Москва, кӯчаи Пришвина, хонаи 14 - Ҳавзаи Шарқӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲШ)
ш. Москва, кӯчаи Нижняя Первомайская, хонаи 63а - Ҳавзаи Ҷанубу Шарқӣ
(Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Капотня)
ш. Москва, маҳаллаи 3-юми Капотня, хонаи 29 - Ҳавзаи Ҷанубӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ноҳияи Орехово-Борисовои Ҷанубӣ)
ш. Москва, кӯчаи Ясеневая, хонаи 8 - Ҳавзаи Ҷанубу Ғарбӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲҶҒ)
ш. Москва, кӯчаи Строителей, хонаи 11, бинои 1 - Ҳавзаи Ғарбӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲҒ)
ш. Москва, шоҳроҳи Рублёвское, бинои 26, қабати 2 - Ҳавзаи Шимолу Ғарбӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲШҒ)
ш. Москва, кӯчаи Маршала Конева, хонаи 6 - Ҳавзаи Шимолӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲШ)
ш. Москва, гузаргоҳи Старопетровский, хонаи 2 - Ҳавзаи Зеленоград
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲЗ)
ш. Зеленоград, корпуси 931 - Ҳавзаи Москваи нав
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲМН)
ш. Троитск, хиёбони Октябр, хонаи 20, ошёнаи 2 - Раёсати масъалаҳои муҳоҷират
Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва
ш. Москва, кӯчаи Большая Ордынка, бинои 16/4, қабати 4
