Вохӯрӣ бо варзишгарони тоҷик дар варзишгоҳи «Байкал Арена»-и шаҳри Иркутск

Вохӯрӣ бо варзишгарони тоҷик дар варзишгоҳи «Байкал Арена»-и шаҳри Иркутск

14 январи соли ҷорӣ масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир бо даъвати сармурабии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуштини тарзи ҷудо (дзюдо), сармурабии клуби варзишии «Ҳоҷи Шариф» Эргаш Маҳмадбеков, ба тамрингоҳи дастаи миллӣ дар шаҳри Иркутск, варзишгоҳи «Байкал Арена» ташриф овард.

Варзишгарони тими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷо ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинанд. Бо роҳбарӣ ва талошҳои мураббиён Эргаш Маҳмадбеков ва Фотеҳ Маҳмадбеков, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки саҳми Президенти Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дар рушду тавсеаи ин намуди варзиш дар кишвар бисёр бузург мебошад. Зимни вохӯрӣ бо варзишгарон таъкид гардид, ки онҳо ҳамчун муаррифгарони асили фарҳанг ва варзиши миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ баромад намуда, бо заҳмату дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро баланд нигоҳ доранд.

Ҳамчунин бо мураббиён масъалаи ҷалби фарзандони муҳоҷирони тоҷик ба машқҳо ва тарбияи варзишгарони наврасу ҷавон дар ин варзишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.