Афзоиши арзиши патент дар Федератсияи Россия аз 1 январи 2026

Афзоиши арзиши патент дар Федератсияи Россия аз 1 январи 2026

Намояндагӣ ба маълумоти муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати қимматшавии арзиши патент  дар соли 2026 дар ҳамаи минтақаҳои Федератсияи Россия маълумот дода буд.

Патент — ҳуҷҷате мебошад, ки ба шаҳрвандони давлатҳои бераводид — аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон — ҳақ медиҳад, ки дар Россия фаъолият намоянд.

Арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия фарқ мекунад. Бо вуҷуди ин, он дар ҳама ҷо аз се унсур вобаста аст: меъёри асосӣ (1 200 рубл — бетағйир), коэффитсиенти дефлятсионӣ (дар соли 2026 ба андозаи 2,842 муқаррар шудааст) ва коэффитсиенти минтақавӣ, ки ҳар сол аз ҷониби ҳар як субъект мустақилона муайян карда мешавад.

Дар соли 2026 арзонтарини патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар  Чеченистон— 3 410 рубл муқаррар шудааст.

Гаронтарин патент дар Краснодар — 27 283 рубл хоҳад буд. Ба сегонаи пешсафон ҳамчунин вилоятҳои Тула — 25 000 рубл ва Липетск — 21 915 рубл дохил мешаванд.

Дар шаҳрҳои калонтарини Россия арзиши патент барои соли 2026 чунин аст:

Москва — 10 000 рубл

Санкт-Петербург — 8 000 рубл

Қазон — 8 696 рубл

Новосибирск — 11 289 рубл

Екатеринбург — 9 500 рубл

Арзиши патент дар Федератсияи Россия барои соли 2026 вобаста ба субъектҳои федератсия чунин муқаррар гардидааст:

Ҷумҳурии Адыгея — 8 185 рубл

Ҷумҳурии Алтай — 7 673 рубл

Кишвари Олтой — 8 526 рубл

Вилояти Амур — 12 874 рубл

Вилояти Архангелск — 10 231 рубл

Вилояти Астрахан — 7 012 рубл

Бошқирдистон — 8 500 рубл

Вилояти Белгород — 8 294 рубл

Вилояти Брянск — 9 741 рубл

Бурятия — 12 557 рубл

Вилояти Владимир — 10 947 рубл

Вилояти Волгоград — 9 890 рубл

Вилояти Вологда — 20 000 рубл

Вилояти Воронеж — 11 425 рубл

Доғистон — 7 844 рубл

Вилояти Автономии Яҳудӣ — 10 095 рубл

Кишвари Забайкал — 16 234 рубл

Ҷумҳурии Ингушетия — 6 684 рубл

Вилояти Иваново — 20 000 рубл

Вилояти Иркутск — 12 233 рубл

Ҷумҳурии Кабардино-Балқар — 11 254 рубл

Қалмиқистон — 5 116 рубл

Вилояти Калининград — 10 913 рубл

Вилояти Калуга — 11 000 рубл

Кишвари Камчатка — 13 983 рубл

Кишвари Краснодар — 27 283 рубл

Кишвари Красноярск — 11 024 рубл

Ҷумҳурии Қарочой-Черкес — 7 844 рубл

Ҷумҳурии Карелия — 11 595 рубл

Ҷумҳурии Коми — 9 038 рубл

Вилояти Кемерово (Кузбасс) — 8 427 рубл

Вилояти Киров — 7 912 рубл

Вилояти Кострома — 8 632 рубл

Вилояти Қурғон — 15 347 рубл

Вилояти Курск — 10 470 рубл

Ҷумҳурии Қрим — 11 936 рубл

Вилояти Ленинград — 8 000 рубл

Вилояти Липетск — 21 915 рубл

Ҷумҳурии Мордовия — 7 162 рубл

Вилояти Москва — 10 000 рубл

Вилояти Магадан — 12 618 рубл

Вилояти Мурманск — 15 347 рубл

Вилояти Нижний Новгород — 11 800 рубл

Вилояти Новгород — 10 231 рубл

Вилояти Новосибирск — 11 289 рубл

Ҳавзаи автономии Ненетс — 8 328 рубл

Вилояти Омск — 9 157 рубл

Вилояти Оренбург — 7 639 рубл

Вилояти Орёл — 9 174 рубл

Кишвари Перм — 8 200 рубл

Кишвари Приморие — 13 846 рубл

Вилояти Пенза — 9 208 рубл

Вилояти Псков — 10 903 рубл

Ҷумҳурии Тува — 6 524 рубл

Ҷумҳурии Марий Эл — 8 662 рубл

Ҷумҳурии Саха (Якутия) — 15 343 рубл

Вилояти Ростов — 10 231 рубл

Вилояти Рязан — 9 788 рубл

Осетияи Шимолӣ — Алания — 8 185 рубл

Кишвари Ставропол — 8 526 рубл

Санкт-Петербург — 8 000 рубл

Вилояти Самара — 11 936 рубл

Вилояти Саратов — 9 423 рубл

Вилояти Сахалин — 11 800 рубл

Севастопол — 13 521 рубл

Вилояти Свердловск — 9 500 рубл

Вилояти Смоленск — 9 213 рубл

Вилояти Тамбов — 8 200 рубл

Вилояти Твер — 20 169 рубл

Вилояти Томск — 10 506 рубл

Вилояти Тула — 25 000 рубл

Вилояти Тюмен — 11 681 рубл

Ҷумҳурии Тотористон — 8 696 рубл

Ҷумҳурии Удмурт — 8 287 рубл

Ҷумҳурии Хакасия — 10 231 рубл

Вилояти Уляновск — 7 162 рубл

Ҳавзаи автономии Ханти-Мансийск— Югра — 14 610 рубл

Кишвари Хабаровск — 10 572 рубл

Вилояти Челябинск — 16 860 рубл

Чувашия — 9 634 рубл

Ҳавзаи автономии Чукотка — 10 572 рубл

Вилояти Ярослав — 10 981 рубл.

Ҳамчунин хотиррасон менамоем, ки муҳлати будубоши муваққатӣ ҳангоми пардохти патент (пешпардохти ҳатмӣ) дар вақти ба расмият даровардан ё тамдиди патент ба таври худкор (автоматикӣ) тамдид мегардад.

Дар сурати пардохт накардани патент (пешпардохти ҳатмӣ), муҳлати будубоши муваққатӣ кӯтоҳ карда шуда, шаҳрванди хориҷӣ ба феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.