Табрикнома бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба муносибати иди касбӣ — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки ҳамасола 25 январ таҷлил мегардад, самимона табрик менамояд.
Дар ин рӯз ба ҳамаи мутахассисони соҳа барои касбияти баланд, масъулиятшиносӣ ва саҳми арзандаашон дар татбиқи сиёсати давлатии иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ изҳори сипос карда мешавад.
Фаъолияти кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ барои таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа аҳамияти ниҳоят муҳим дорад. Меҳнати ҳаррӯзаи онҳо сазовори эҳтиром ва қадрдонӣ мебошад.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба ҳамаи кормандони соҳа саломатии бардавом, рӯзгори обод, муваффақиятҳои касбӣ, дастовардҳои нав ва эътимод ба фардои дурахшон орзу менамояд.
