Истифодаи растании гармала (ҳазориспанд) дар Россия қатъиян манъ мебошад.

Истифодаи растании гармала (ҳазориспанд) дар Россия қатъиян манъ мебошад.

Намояндагӣ ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар Федератсияи Россия растании гармала (исирик, ҳазориспанд) қатъиян манъ мебошад.

Гармала (ҳазориспанд) ва моддаи фаъоли он — гармин — мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ба моддаҳои нашъадор мансуб дониста мешаванд.

Ворид кардан, харидан, нигоҳ доштан, интиқол додан, фурӯхтан, истифода бурдан ва тарғиб намудани гармала манъ аст.

Барои гардиш ва истифодаи ғайриқонунии гармала тибқи моддаҳои 6.8 ва 6.9 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ФР, инчунин моддаҳои 228 ва 228.1 Кодекси ҷиноятии ФР, ҷарима, ҳабси маъмурӣ, барои шаҳрвандони хориҷӣ — ихроҷ аз қаламрави Федератсияи Россия ва дар ҳолатҳои вазнин — маҳрумият аз озодӣ то ҳабси якумрӣ пешбинӣ шудааст.

Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонунҳои Федератсияи Россияро қатъиян риоя намоянд.