Худдорӣ аз нигоҳ доштан ё истифода бурдани ашё ва асбобҳои шубҳанок

Худдорӣ аз нигоҳ доштан ё истифода бурдани ашё ва асбобҳои шубҳанок

Муҳтарам ҳамватанон!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади таъмин намудани муҳоҷирати меҳнатии самаранок ва бехатар ба диққати Шумо маълумоти мазкурро пешкаш мекунад.
Ҳар яки Шумо захираи арзишманд буда, дорои имкониятҳои бузург барои рушди шахсӣ ва касбӣ ҳастед, инчунин саробони оилаҳои худ ба ҳисоб меравед. Риояи қатъии ҳамаи меъёрҳо ва тавсияҳо шарти асосии будубоши бехатару муваффақ дар кишвари иқомат, ҳифзи саломатӣ, обрӯ ва имконияти идомаи фаъолияти меҳнатии Шумо мебошад.
Мо Шуморо ба риояи қатъии тавсияҳои зерин даъват менамоем:

  1. Риояи қонунҳои кишвари иқомат
  • Ҳамеша қонунгузории маҳаллиро эҳтиром ва риоя намоед, аз ҷумла қоидаҳои будубош, шартномаи меҳнатӣ, меъёрҳои муҳоҷират ва тартиботи ҷамъиятӣ. Вайрон намудани қонунҳо метавонад боиси ихроҷ (депортатсия), ҷарима ё дигар чораҳои ҳуқуқӣ гардад, ки ба будубоши Шумо ва имконияти сафарҳои минбаъда таъсири манфӣ мерасонад.
  • Қоидаҳои маҳаллиро пешакӣ омӯзед: бо талаботи ҳуҷҷатгузорӣ, қоидаҳои бақайдгирӣ ва ҳуқуқҳои меҳнатӣ шинос шавед. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба намояндагиҳои расмӣ ё муассисаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
  1. Худдорӣ аз нигоҳ доштан ё истифода бурдани ашё ва асбобҳои шубҳанок
  • Қатъиян аз гирифтан ё истифода бурдани ҳар гуна ашё, асбоб ё таҷҳизоти шубҳанок, ки метавонанд ҳамчун силоҳи сард арзёбӣ шаванд (масалан, корд, асбобҳои дорои канори тез, ашёи металлӣ), худдорӣ намоед. Ҳатто агар Шумо онҳоро безарар ҳисобед ҳам, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд онҳоро ҳамчун ашёи эҳтимолан хатарнок қабул намоянд.
  • Дар хотир доред, ки истифодаи чунин ашё метавонад боиси боздошт, таъқиби судӣ ва хориҷкунӣ аз кишвар гардад. Танҳо асбобҳои заруриро дар доираи фаъолияти касбии худ истифода бурда, онҳоро мувофиқи меъёрҳои маҳаллӣ нигоҳ доред.
  1. Ҳифзи саломатӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятиву-вирусӣ
  • Ба саломатии худ ғамхорӣ намоед: мунтазам аз муоинаи тиббӣ гузаред, қоидаҳои беҳдоштро риоя кунед, ғизои дуруст истеъмол намуда, истироҳати кофӣ гиред. Дар ҳолати бад шудани ҳолати саломатӣ ба табибони соҳибихтисос муроҷиат намуда, аз худтабобатӣ худдорӣ намоед.
  • Чораҳои муҳофизат аз бемориҳои вирусиро риоя кунед: дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳангоми зарурат ниқоб пӯшед, дар давраи эпидемия бемориҳои сироятӣ аз ҷамъомадҳои серодам худдорӣ намоед, мувофиқи тавсияҳои мақомоти маҳаллии тандурустӣ эмгузаронӣ намоед. Ин чораҳо на танҳо Шуморо, балки ҳамкорон ва аъзои оилаатонро низ ҳифз менамоянд.
  1. Рад намудани ҷалб ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тахрибкор
  • Қатъиян аз ҳар гуна шакли ҷалб ё шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тахрибкор, ташкилотҳои экстремистӣ ё иттиҳодияҳои ғайриқонунӣ даст кашед. Чунин амалҳо на танҳо қонунро вайрон мекунанд, балки ҳаёт, озодӣ ва обрӯи Шуморо зери хатар мегузоранд.
  • Ҳушёр бошед: ба ваъдаҳои даромади осон ё нуфуз дода нашавед, аз робитаҳои шубҳанок дурӣ ҷӯед. Дар сурати кӯшиши ҷалб шудан, фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари иқомат ё ба намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия хабар диҳед.
    Дар хотир доред, ки муҳоҷирати муваффақонаи Шумо саҳм дар шукуфоии Ватан ва оилаи Шумо мебошад. Бо риояи ин меъёрҳо Шумо барои худ субот фароҳам оварда, оилаҳои худро ҳифз намуда ва ба таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат мекунед. Дар ҳолати зарурат метавонед барои кӯмак ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Рақамҳо барои тамос:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: ‪‪‪‪+7 (967) 271-02-02, ‪‪‪‪+7 (988) 676-00-00, ‪‪‪‪+7 (966) 031-22-22, ‪‪‪‪+7 (936) 174-19-92, ‪‪‪‪+7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ‪‪‪‪+7 (999) 912-58-68;  Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.

2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: ‪‪‪‪+7 (926) 311-52-53;

3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: ‪‪‪‪+7 (977) 963-25-69;

4. Ҳавзаи федералии Сибири ғарбӣ, ш. Новосибирск: ‪‪‪‪+7 (901) 344-77-77 ;

5. Ҳавзаи федералии Сибири шарқӣ, ш. Иркутск: ‪‪‪‪+7 (929) 388-54-11;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: ‪‪‪‪+7 (909) 809-55-48.

7. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург ‪‪‪‪+7 (999) 341-45-99

8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск ‪‪‪‪+7 (909) 809 55 48

Почтаи электронии Намояндагӣ:

🌐 prmstj@mail.ru