Тартиби нави мубодилаи иттилоот оид ба кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ

Тартиби нави мубодилаи иттилоот оид ба кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки таъмин намудани будубоши қонунии ноболиғон — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия уҳдадории мустақими волидони онҳо ё намояндагони қонуниашон ба ҳисоб меравад.
Маҳз волидон масъул мебошанд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои будубоши қонунии фарзандонашон дар муҳлатҳои муқарраршуда ба расмият дароварда шаванд, муҳлати иҷозатдодашудаи будубош риоя гардад ва дар ҳолати зарурӣ, тарки саривақтӣ аз қаламрави Федератсияи Россия таъмин карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки Намояндагӣ қаблан дар бораи ҷорӣ гардидани ин навоварӣ дар қонунгузории Россия расман огоҳ намуда буд.
Аз имрӯз, 28 январи соли 2026, Қонуни федералии Федератсияи Россия № 314-ФЗ аз 31.07.2025 «Дар бораи тартиби нави мубодилаи иттилоот оид ба кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ» ба қувваи қонунӣ медарояд, ки мутобиқи он мубодилаи иттилоот байни Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва мақомоти маорифи Россия ба роҳ монда мешавад.
Ин навовариҳо барои Шумо ва фарзандонатон чӣ маъно доранд:

  1. Ҳангоми ба қайди муҳоҷират гузоштан ё аз қайд баровардани фарзанди ноболиғ, мақомоти ВКД-и Россия маълумоти дахлдорро ба таври худкор ба мақомоти маҳаллии маориф ирсол менамоянд. Ин имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти кӯдак ба ҷой дар муассисаи таълимӣ (мактаб ё кӯдакистон) муайян карда шавад.
  2. Дар ҳолати муроҷиати Шумо барои дохил намудани фарзанд ба мактаб ё коллеҷ, муассисаи таълимӣ уҳдадор аст дар ин хусус ба мақомоти ВКД-и Россия хабар диҳад. Ҳамзамон маълумоти зерин низ ирсол мегардад:
    o Натиҷаҳои санҷиши сатҳи дониши забони русӣ;
    o Тасдиқи қабул ба муассисаи таълимӣ;
    o Тасдиқи хориҷшавӣ аз муассиса (дар ҳолати қатъ гардидани таҳсил).
  3. Ҳадафи асосии Қонуни федералии № 314-ФЗ пешгирӣ намудани ҳолатҳое мебошад, ки кӯдакони муҳоҷирон бе таҳсил намонанд. Акнун ҷониби Россия имкони муайян намудани кӯдаконе, ки ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд, пайдо мекунад ва нисбат ба чунин оилаҳо чораҳои инфиродӣ (кӯмак дар дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ, ҷустуҷӯи ҷой ва ғайра) андешида мешаванд.
    Қайд кардан зарур аст, ки тамоми ин равандҳо ба таври худкор тавассути системаҳои электронӣ анҷом дода мешаванд ва аз ҷониби волидон пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ талаб карда намешавад.
    Тавсияҳои Намояндагӣ:
    • Фарзандонро ҳатман бо худ дар суроғаи воқеии зист ба қайди муҳоҷиратӣ гузоред;
    • Ҳарчи зудтар ба муассисаи таълимии наздиктарин барои дохил намудани кӯдак муроҷиат намоед, ҳатто дар ҳолате, ки қайди муҳоҷиратӣ муваққатӣ бошад.
    Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт, Шумо метавонед ба Намояндагӣ муроҷиат кунед.

Рақамҳо барои тамос:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: ‪‪‪‪+7 (967) 271-02-02, ‪‪‪‪+7 (988) 676-00-00, ‪‪‪‪+7 (966) 031-22-22, ‪‪‪‪+7 (936) 174-19-92, ‪‪‪‪+7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ‪‪‪‪+7 (999) 912-58-68;  Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.

2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: ‪‪‪‪+7 (926) 311-52-53;

3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: ‪‪‪‪+7 (977) 963-25-69;

4. Ҳавзаи федералии Сибири ғарбӣ, ш. Новосибирск: ‪‪‪‪+7 (901) 344-77-77 ;

5. Ҳавзаи федералии Сибири шарқӣ, ш. Иркутск: ‪‪‪‪+7 (929) 388-54-11;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: ‪‪‪‪+7 (909) 809-55-48.

7. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург ‪‪‪‪+7 (999) 341-45-99

8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск ‪‪‪‪+7 (909) 809 55 48

Почтаи электронии Намояндагӣ:

🌐 prmstj@mail.ru