Бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия
Намояндагӣ ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тартиби будубош ва бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия дар соҳаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ танзим мегардад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, уҳдадоранд тибқи тартиби муқарраргардида дар ҷои будубош ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд. Номнавишт аз ҷониби қабулкунанда дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун анҷом дода мешавад.
Вобаста ба мақсади воридшавӣ тартиби бақайдгирӣ ва муроҷиат барои категорияҳои зерин фарқ мекунад:
- Донишҷӯён, ки бо мақсади таҳсил ба Россия омадаанд, бояд дар ҷои иқомати воқеии худ ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд.
Дар ҳолати иқомат дар хобгоҳи муассисаи таълимӣ, номнавишти муҳоҷиратӣ аз ҷониби муассисаи таълимӣ анҷом дода мешавад. Ҳангоми истиқомат дар суроғаи дигар, уҳдадории пешниҳоди огоҳинома дар бораи омадан ба зиммаи ҷониби қабулкунанда вогузор мегардад.
Барои бақайдгирӣ донишҷӯён бояд ба маъмурияти муассисаи таълимӣ ё ба шуъбаҳои ҳудудии масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Россия муроҷиат намоянд. - Сайёҳон, аз ҷумла шахсоне, ки ҷиҳати ширкат дар форумҳо, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳо меоянд, бояд барои давраи будубош ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд.
Дар ҳолати ҷойгиршавӣ дар меҳмонхонаҳо, хостелҳо, осоишгоҳҳо, бақайдгирӣ аз ҷониби маъмурияти ҷойи иқомат анҷом дода мешавад. Ҳангоми истиқомат дар манзили хусусӣ, огоҳинома дар бораи омадан аз ҷониби ҷониби қабулкунанда пешниҳод мегардад.
Муроҷиат тавассути ҷониби қабулкунанда ба шуъбаҳои масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР, марказҳои бисёрфунксионалӣ, шуъбаҳои почта ё портали давлатии хидматрасонӣ “Госуслуги” анҷом дода мешавад. - Шахсоне, ки бо мақсади гирифтани ёрии тиббӣ ба Россия меоянд, бояд барои давраи табобат ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд.
Дар ҳолати ҷойгиршавӣ дар муассисаи тиббӣ ё ташкилоти санаторию табобатӣ, бақайдгирӣ аз ҷониби муассисаи мазкур анҷом дода мешавад. Ҳангоми истиқомат берун аз муассисаи тиббӣ, уҳдадории бақайдгирӣ ба зиммаи ҷониби қабулкунанда вогузор мегардад.
Барои масъалаҳои бақайдгирӣ ва тамдиди муҳлати будубош бояд ба шуъбаҳои ҳудудии масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР муроҷиат намуд. - Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Россия меоянд, уҳдадоранд тибқи тартиби муқарраргардида ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шуда, патенти фаъолияти меҳнатӣ ба расмият дароранд.
Бақайдгирӣ дар ҷои иқомати воқеӣ тавассути ҷониби қабулкунанда (корфармо, иҷорадеҳ ё шахси воқеӣ) анҷом дода мешавад. Муҳлати будубош дар ҳолати мавҷуд будани патенти амалкунанда ва пардохти саривақтии маблағи патент тамдид карда мешавад.
Барои масъалаҳои бақайдгирӣ, гирифтани патент ва тамдиди муҳлати будубош зарур аст ба шуъбаҳои ҳудудии масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР ё марказҳои бисёрфунксионалӣ муроҷиат карда шавад.
Илова бар ин хабар медиҳем, ки дар шаҳри Москва ва вилояти Москва тартиби нави рақамии баҳисобгирии муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ бо истифода аз замимаи мобилии «Амина» ҷорӣ гардидааст. - Мақсад ва таъиноти ҳуқуқӣ
Замимаи мобилии «Амина» хизматрасонии расмии рақамӣ буда, барои бақайдгирии муҳоҷиратии фосилавии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Федератсияи Россия бо тартиби бераводид ва бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ворид шудаанд, дар ҳудуди шаҳри Москва ва вилояти Москва пешбинӣ шудааст.
Истифодаи замима ба мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия имкон медиҳад, ки маълумот дар бораи ҷои воқеии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва тағйирёбии он сари вақт қабул карда шавад.
Мақсади ҷорӣ намудани замимаи Амина:
- баланд бардоштани самаранокии баҳисобгирии муҳоҷиратӣ;
- коҳиш додани зарурати ҳузури шахсӣ дар марказҳо ва мақомоти муҳоҷиратӣ;
- таҳкими назорати риояи қонунгузории муҳоҷиратӣ.
- Барои кӣ истифодаи замима ҳатмӣ мебошад?
Насб ва истифодаи замимаи мобилии «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки:
- дар шаҳри Москва ё вилояти Москва иқомат менамоянд;
- бо тартиби бераводид ба Федератсияи Россия ворид шудаанд;
- бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ қарор доранд,
ҳатмӣ мебошад, аз ҷумла барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Тартиби истифодаи замима
Муҳоҷири меҳнатӣ уҳдадор аст: - замимаи мобилии «Амина»-ро ба телефони мобилии худ насб намояд (аз мағозаи рақамии Rustore);
- дар замима сабти ном шавад ва маълумоти шахсиро ворид намояд;
- суроғаи воқеии будубошро дар ҳудуди шаҳри Москва ё вилояти Москва нишон диҳад;
- дар доираи талаботи муқарраргардида маълумот дар бораи ҷойгиршавии худро (геолокатсия) пешниҳод намояд;
- дар ҳолати иваз намудани ҷои иқомат маълумотро сари вақт навсозӣ кунад.
- Дастгирии техникии замимаи Амина
Дар ҳолати ба миён омадани мушкилоти техникӣ ҳангоми насб, сабти ном ё истифодаи замимаи мобилии «Амина», шаҳрвандон метавонанд ба хадамоти дастгирии техникӣ муроҷиат намоянд.
📞 Хатти оҷилии хадамоти дастгирии техникии замимаи «Амина»:
+7 (499) 530-56-88 - Оқибатҳои риоя накардани талабот
Иҷро накардани талаботи вобаста ба насб ва истифодаи замимаи «Амина», инчунин қатъ гардидани пешниҳоди маълумот дар бораи будубош метавонад боиси:
- хориҷ шудан аз бақайдгирии муҳоҷиратӣ;
- ворид гардидани маълумоти шахс ба феҳристи шахсони назоратшаванда (РКЛ);
- татбиқи чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия.
- Тавсияҳо
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад:
- замимаро танҳо аз манбаъҳои расмӣ насб намоянд;
- маълумотро бодиққат ва дуруст ворид кунанд;
- дар ҳолати пайдо шудани мушкилот фавран ба хадамоти дастгирии техникӣ муроҷиат намоянд;
- қоидаҳои будубош ва бақайдгирии муҳоҷиратиро қатъиян риоя намоянд.
Намояндагӣ таваҷҷуҳ медиҳад, ки риоя накардани қоидаҳои бақайдгирии муҳоҷиратӣ мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад.
