Фармони Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия таҳти № 34 аз 4 феврали соли 2025

Фармони Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия таҳти № 34 аз 4 феврали соли 2025

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи фармони Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия аз 4 феврали соли 2025 таҳти № 34, дар Метрополитени шаҳри Москва ҳангоми зарурат, иловатан ба чораҳои амалкунандаи амнияти нақлиётӣ, санҷиши телефонҳои мобилии мусофирон метавонад татбиқ карда шавад.
Бо назардошти ҳолати мазкур, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки қонунгузории кишвари иқоматро риоя намуда, дар сурати гузаронидани санҷиш аз ҷониби хадамоти амнияти метрополитен, ба кормандони масъул дар иҷрои уҳдадориҳои хизматии онҳо монеа эҷод накунанд.

Инчунин иттилоъ дода мешавад, ки тибқи фармони зикршудаи Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия, санҷиши дастгоҳҳои аудиоӣ ва видеоӣ, телефонҳои мобилӣ ва компютерҳои фардӣ тавассути фаъол гардонидан ва санҷиши қобилияти кории онҳо анҷом дода мешавад.