Вохӯрии кории ҳайати намояндагии мақомоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Раёсати муҳоҷирати ВКД-и Федератсияи Россия дар вилояти Омск

Вохӯрии кории ҳайати намояндагии мақомоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Раёсати муҳоҷирати ВКД-и Федератсияи Россия дар вилояти Омск

9 феврали соли 2026 дар шаҳри Омск, вохӯрии корӣ миёни ҳайати намояндагии мақомоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск таҳти роҳбарии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, хонум Исмоилзода Зарина, бо роҳбари Раёсати муҳоҷирати ВКД-и Федератсияи Россия дар вилояти Омск, полковники пулис Емелянов Константин Дмитриевич, баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ Мирзозода Хуршед, муовини роҳбари Раёсати хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Федератсияи Россия дар вилояти Омск Голикова Ирина Владимировна, инчунин намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар вилояти Омск Генова Елена Васильевна иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои марбут ба таҳсил ва омӯзиши донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави вилояти Омск зиндагӣ менамоянд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вохӯрӣ дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва шарикии стратегӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва густариши он дар самтҳои афзалиятнок изҳор намуданд.