Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Омск

Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Омск

9 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Омск мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Исмоилзода Зарина бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави вилояти Омск зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, баргузор гардид.
Дар ин мулоқот инчунин Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ Мирзозода Хуршед иштирок намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд, аз ҷумла риояи қонунгузории меҳнат, шароити кор ва пардохти музди меҳнат, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ, инчунин тартиби муроҷиат ба мақомоти салоҳиятдор дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқҳо. Ба иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои мубрами қонунгузории муҳоҷиратӣ ва меҳнатии Федератсияи Россия шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ бо мақсади ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими робита бо ҳамватанони муқими вилояти Омск баррасӣ гардиданд.
Дар доираи мулоқот дигар масъалаҳои муҳими рӯзмарра, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш меоранд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.