Паёми иттилоотӣ доир ба риояи қонунгузорӣ ва тадбирҳои таъмини амнияти муҳоҷирони меҳнатӣ
Муҳтарам ҳамватанон, муҳоҷирони меҳнатӣ!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ медиҳад, ки риояи қатъии қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва ҳушёрӣ ҷиҳати пешгирии ҷалб шудан ба фаъолияти ғайриқонунӣ амри муҳим мебошад.
Таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки истеъмол, нигоҳдорӣ ва паҳн намудани воситаҳои нашъадор қатъиян манъ буда, мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия барои чунин кирдорҳо ҷавобгарии ҷиддии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлатҳои тӯлонӣ, ҷаримаҳои калон ва депортатсия бо манъи вуруд. Ҳатто нигоҳдории миқдори ками маводи нашъадор низ боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад. Чунин ҳуқуқвайронкуниҳо метавонанд боиси аз даст додани ҷойи кор, бекор шудани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ва манъи минбаъдаи фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия гарданд.
Илова бар паёмадҳои ҳуқуқӣ, истеъмоли маводи нашъадор ба саломатӣ зарари ҷиддӣ расонида, вобастагӣ ба вуҷуд меорад, боиси бемориҳои вазнин мегардад ва муносибатҳои иҷтимоӣ ва оилавиро хароб месозад.
Бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва қобилияти меҳнатӣ тавсия медиҳем, ки тарзи ҳаёти солимро риоя намоед: низоми дурусти кор ва истироҳатро нигоҳ доред, ғизои солим истеъмол намоед, ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шавед, аз истеъмоли машрубот ва тамоку худдорӣ намоед ва сари вақт аз муоинаҳои тиббӣ гузаред. Нигоҳдории саломатӣ шарти муҳими кори устувор ва таъмини некӯаҳволии оилаҳои шумост.
Ҳамчунин даъват менамоем, ки эҳтиёткор бошед ва ба фаъолияти гурӯҳҳо ва ташкилотҳои харобиовар, экстремистӣ, террористӣ ё дигар сохторҳои ғайриқонунӣ ҷалб нагардед. Чунин сохторҳо аксаран тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо бо ваъдаи «даромади зуд» ё манфиатҳои дигар шаҳрвандонро ҷалб менамоянд. Иштирок дар чунин ташкилотҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ, аз ҷумла маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлатҳои дароз ва манъи якумраи вуруд ба Федератсияи Россия мегардад.
Тавсия дода мешавад:
- ба гурӯҳҳо ва чатҳои шубҳанок дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ нашавед;
- ба иштирок дар нақшаҳои ғайриқонунии даромад розӣ нашавед;
- дурустии маълумотро аз манбаъҳои ғайрирасмӣ санҷед;
- барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ ба мақомоти расмӣ муроҷиат намоед.
Дар ҳолати ба миён омадани вазъиятҳои мушкил, саволҳои ҳуқуқӣ ё гумони ҷалб намудан ба фаъолияти ғайриқонунӣ, шумо метавонед ба Намояндагӣ муроҷиат намоед. Мо омодаем дар доираи салоҳияти худ кӯмаки иттилоотӣ ва машваратии ҳуқуқӣ расонем.
Муҳтарам ҳамватанон, шумо дар Федератсияи Россия бо мақсади меҳнати ҳалол ва таъмини ояндаи шоистаи худ ва оилаҳоятон қарор доред. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонунгузориро риоя намуда, саломатии худро ҳифз кунед ва қарорҳои дурусту огоҳона қабул намоед.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамеша барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ омода аст.
Худ ва наздиконатонро эҳтиёт намоед.
