Вохӯрии корӣ оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ дар вилояти Омск
11 феврали соли 2026 вохӯрии кории ҳайати намояндагии муассисаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск таҳти роҳбарии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Новосибирск муҳтарам Исмоилзода Зарина бо Вазири рушди иқтисодии вилояти Омск Негодуйко Анна Валеревна, Муовини раиси Ҳукумати вилояти Омск Шпиленко Андрей Викторович, инчунин намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар вилояти Омск Генова Елена Василевна баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳамчунин Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ Мирзозода Хуршед иштирок намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дурнамои густариши ҳамкорӣ миёни минтақаҳо, ҷалби муташакилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, инчунин самтҳои рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва идомаи муколамаи созанда дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид намуданд.
