Мулоқот бо роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Омск
11 феврали соли 2026 дар доираи рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ вохӯрии кории ҳайати намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск таҳти роҳбарии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Новосибирск хонум Исмоилзода Зарина бо Президенти Иттиҳодияи «Палатаи савдо ва саноати вилояти Омск» Федулова Олга Павловна баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ инчунин Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ Мирзозода Хуршед иштирок намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳои соҳибкорӣ байни доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Омск, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ҷалби муташаккили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар қаламрави вилояти Омск дар доираи созишномаи амалкунандаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия зоҳир гардид.
Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи робитаҳои шарикӣ ва рушди ҳамкориҳои амалӣ тасдиқ намуданд.
