Якҷо бар зидди ифротгароии хушунатомез: ба хотири сулҳ ва амният

Якҷо бар зидди ифротгароии хушунатомез: ба хотири сулҳ ва амният

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, иттилоъ медиҳад, ки 12 феврал Рӯзи байналмилалии пешгирии ифротгароии хушунатомез, ки замина барои терроризм фароҳам меорад, таҷлил мегардад.
Санаи мазкур бо мақсади муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати пешгирии радикализатсия, таҳкими амнияти ҷамъиятӣ ва тарғиби принсипҳои ҳамзистии осоишта, эҳтироми мутақобил ва таҳаммулпазирӣ таъсис дода шудааст.
Дар шароити муосир баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи қонунгузории кишвари иқомат, инчунин роҳ надодан ба ҷалбшавӣ ба фаъолияти ғайриқонунӣ, аз ҷумла таҳти таъсири таблиғоти харобиовар, ки тавассути шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ паҳн мегардад, аҳамияти хоса пайдо мекунад.
Намояндагӣ зарурати зоҳир намудани ҳушёрӣ, муносибати масъулона ба мақоми ҳуқуқӣ ва фаъолияти меҳнатӣ, инчунин нигоҳ доштани пойбандӣ ба арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқиро хотиррасон менамояд.
Дар ҳолати ба миён омадани саволҳо вобаста ба фаъолияти меҳнатӣ, бақайдгирии муҳоҷиратӣ ва вазъи ҳуқуқӣ, шаҳрвандон метавонанд тибқи тартиби муқарраргардида барои гирифтани машварат ва дастгирии иттилоотӣ ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамватанонро ба риояи қонунгузорӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо ва саъю талошҳои муштарак ҷиҳати муқовимат ба идеологияи хушунат ва ифротгароӣ даъват менамояд.