Мулоқоти корӣ бо муассис ва директори ширкати сохтмонии «Кристалл» дар шаҳри Бердск

Мулоқоти корӣ бо муассис ва директори ширкати сохтмонии «Кристалл» дар шаҳри Бердск

13 феврали соли 2026 мулоқоти корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ — Мирзозода Хуршед — ва Виктор Алексеевич Голубев, муассис ва директори Ширкати сохтмонии «Кристалл» (шаҳри Бердск, вилояти Новосибирск), ки ба сохтмон ва иҷораи амволи ғайриманқул машғул мебошад, баргузор гардид.
Дар ҷараёни дидор ҷонибҳо масъалаҳои ҷалб ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иншооти сохтмонии ширкат муфассал баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба дурнамои ҷалби муташаккилонаи кормандон дар доираи татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия зоҳир гардид.
Корманд аҳамияти риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва кафолатҳои иҷтимоии коргарон, инчунин зарурати таъмини механизмҳои шаффоф ва қонунии ҷалби онҳоро таъкид намуд. Дар навбати худ, роҳбарияти ширкат омодагии худро ҷиҳати ташаккули захираи устувори кадрӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳибихтисос, ки омодаанд дарозмуддат ва мутобиқ ба қонунгузории амалкунанда фаъолият намоянд, изҳор дошт.
Мулоқот дар фазои созанда ва ҳамкорӣ баргузор гардида, аз рӯи натиҷаҳои он ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи шарикӣ ва таҳияи қадамҳои мушаххас ҷиҳати ҳамкории минбаъда дар самти бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуданд.