Пешгирии экстремизм ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни донишҷӯён дар Бердск
13 феврали соли 2026 дар шаҳри Бердск вохӯрии корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ Мирзозода Хуршед бо донишҷӯёни коллеҷи тиббии Бердск баргузор гардид. Дар чорабинӣ инчунин роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Бердск «Содружество» Турдибеков Ҷамол Шарипович иштирок намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ таҳти шиори «НЕСТ БОД МАВОДИ МУХАДДИР», инчунин чораҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои гуногуни деструктивӣ ва экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ба донишҷӯён меъёрҳои қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия вобаста ба тартиби будубоши донишҷӯёни хориҷӣ дар ҳудуди кишвар шарҳ дода шуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ зикр гардид, ки 12 феврал Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки ба густариши терроризм мусоидат менамояд, таҷлил карда мешавад. Ба иштирокчиён таъкид шуд, ки нисбат ба чунин зуҳурот ҳам дар муҳити донишҷӯён ва ҳам дар шабакаи интернет ҳушёру зирак бошанд ва бар зидди он мубориза баранд.
